Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид

Март 12, 2026 11:23

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Конгресси байналмилалии таҳқиқоти бисёрсоҳа ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ба муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намуд. Зимни он бо Директори генералии Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории илмӣ ва таълимиро байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими академӣ, табодули таҷриба байни омӯзгорону муҳаққиқон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти донишгоҳ, дастовардҳои илмӣ, имконияти таълимӣ ва нақши муассиса дар омодасозии кадрҳои баландихтисос маълумот пешниҳод намуд.

Директори генералии Коллеҷи таҳсилоти техникии вилояти Панҷоб аз рушди ҳамкории академӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуда, изҳор дошт, ки таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимӣ метавонад ба рушди таҳқиқоти муштарак ва табодули дониш байни донишгоҳҳо мусоидат намояд.

Дар доираи ин сафар ректори донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон бо ҷараёни дарсҳо ва корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳо шинос гардид.

Ректори донишгоҳ бо фаъолияти таълимӣ ва таҷрибавии факултетҳои химия, информатика, технология, зеҳни сунъӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва инженерӣ ва рафти баргузории дарсҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён шинос шуд.

Ҳамчунин бо корҳои лаборатории донишҷӯён бо тарзи гузаронидани машғулияти амалӣ ва сатҳи истифодаи таҷҳизоти таълимӣ аз наздик ошно гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо донишҷӯён ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, имконоти таҳсил, шароити будубош, дастовардҳои илмӣ ва таълимии муассиса маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон донишҷӯён барои иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ва идомаи таҳсил дар зинаи магистратура дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон даъват карда шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Март 12, 2026 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд
Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад