Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Симон Холлема дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки яке аз масъалаҳои калидии мулоқот лоиҳаи нави «Баланд бардоштани устувории иқлимии ҷомеаҳои осебпазир дар Тоҷикистон тавассути мутобиқшавии маҳаллӣ» буд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузори Кумита таҳия гардида, айни замон ҷиҳати баррасӣ ба Фонди иқлими сабз (GCF) пешниҳод шудааст.
Пас аз мулоқот ҳайати Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ бо фаъолияти Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияҳои Кумита шинос шуд. Инчунин аксияи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист ва дастгирии ташаббусҳои экологӣ равона гардид.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд






