«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзуи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст!» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ҳизб хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Наврӯз на танҳо таронаи оғози сол, балки симфонияи олами ҳастӣ, пайванди насли башар ва эҳёи табиат буда, ин ҷашни бостонӣ бо таровати руҳбахши худ дилҳоро ба ҳам мепайвандад ва фазои вуҷуди инсониятро аз нуру зиё саршор мегардонад.
Баён шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукуҳи тоза бахшид. Бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе метавонад боз ҳам шукуҳи ин ҷашни фархундаро бештар намуда, арзишҳои миллии тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ созад.
Изҳор гардид, ки таваҷҷуҳ ба Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ зарурати рушди инфрасохтори сайёҳиро ба миён овард. Бо дастгирии Пешвои миллат солҳои охир меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои истироҳатӣ, роҳҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ бунёд ва таҷдид мегарданд, ки ин раванд ба ҷалби бештари меҳмонони дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад.
Барои таъмини рушди устувори сайёҳӣ, ки ҳам ба анъанаҳои мардумӣ эҳтиром гузорад ва ҳам ба иқтисоди маҳаллӣ фоидаи воқеӣ бахшад, татбиқи принсипҳои сайёҳии масъулиятнок аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин маънои онро дорад, ки рушди сайёҳӣ бояд дар чаҳорчӯби назоратшаванда бо назардошти ҳифзи муҳити зист, эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои ҷомеаи маҳаллӣ амалӣ гардад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш иброз гардид, ки бо дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизб тасмим гирифтааст, ки дар тамоми шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти дурдаст ҷашни Наврӯзи фархундапайро бо шаҳомати хосса ва ифтихори баланди миллӣ таҷлил намояд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд






