То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад

Март 14, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши савдои байни ду давлат 1,2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Чунин иттилоъ дода шуд 13 март зимни вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати татбиқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарони ду давлатро барои расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба то соли 2030 ба 2 миллиард доллари амрикоӣ таъкид намуданд.

Дар ҷараёнӣ вохӯрӣ мусоҳибон  вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду давлатро баррасӣ намуданд.

Фарҳодшоҳ Раҳмонализода масъалаи фаъол гардонидани Шурои соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистонро муҳим арзёбӣ намуда, доир ба омодагии Тоҷикистон барои баргузор намудани ҷаласаи чоруми Шурои соҳибкорӣ маълумот дод. Гуфта шуд, ки баргузории Шурои соҳибкорӣ соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин намояндагони тиҷоратии Қазоқистон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ,  ки моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри  Душанбе баргузор мегардад, даъват карда шуданд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ва густариши равобити  иқтисодию тиҷоратӣ иброз намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд