Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро (5 апрел) таҳти унвони «Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди низоми истеҳсолоти иҷро» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки давоми таъсис ва фаъолияти Хадамоти иҷро аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Хадамоти иҷро ба таҳким ва такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилию инфрасохтории соҳа мусоидат намуд. Сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор чанд маротиба баланд гардида, ин самти фаъолият давра ба давра ташаккул ёфта, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида мешавад. Имрӯз аз таъсиси ин ниҳоди муҳими давлатӣ 8 сол сипарӣ мешавад.
«Дар доираи таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти иҷро аз ҷониби хадамот силсила чорабиниҳои маърифативу ҳуқуқӣ, аз ҷумла маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ободгардонӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳо ба роҳ монда шуданд»,-гуфта шуд дар ҷамъомад.
Дар чорабинӣ ба як зумра кормандони фаъоли соҳа барои фаъолияти софдилона, иҷрои босамари масъулияти хизматӣ ва саҳгузории арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Сипоснома, рутбаҳои навбатии дараҷавӣ ва тахассусӣ супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, соли 2022 ба моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 5 апрел — Рӯзи кормандони мақомоти иҷро муайян гардид.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад






