Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид

Апрель 4, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба такмили сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани сифату бехатарии ғизо ва рушди системаи агро-хӯрокворӣ дар доираи лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба сиёсати соҳавӣ барои ҳалли мушкилоти ғизои носолим дар заминаи системаи амалкунандаи агрохӯрокворӣ» 1 апрел дар вохӯрии роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо инчунин доир ба роҳҳои коҳиш додани истеъмоли ғизои носолим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ғизои солим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва техникӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода иброз намуд, ки ҳамкории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани назорати байторию фитосанитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва рушди устувори низоми агро-хӯрокворӣ аҳамияти муҳим доранд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба таҳияи тавсияҳои амалӣ ва такмили сиёсати соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Маҳмуд Ширинҷонзода омодагии Кумитаи бехатарии озуқавориро барои густариши ҳамкории минбаъда бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаҳои муштарак иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро барои рушди устувори соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд