Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд

Апрель 13, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Таалатбек Масадиқов дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин осорхона.

Зимни сайри осорхонавӣ дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Таалатбек Масадиқов харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», толорҳо ва гӯшаҳои намоишии марбут ба «Саразм», «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Тахти Сангин», «Кушониён», «Панҷакенти Қадим», «Дайри буддоии Аҷинатеппа» ва «Сомониён» -ро тамошо намуда, бо бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва таърихи чандҳазорсолаи миллати тоҷик шинос гардид.

Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба меҳмонон дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамин тариқ, дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Таалатбек Масадиқов аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд