Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид

Апрель 10, 2026 09:20

 ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Хурамшаҳр» — и ноҳияи Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо иштироки ҳунармандон, донишҷӯён, хонандагон ва дӯстдорони санъати миллӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара.

Иштирокчиён маҳсули эҷодашонро ба намоиш гузошта, маҳорати худро дар истифодаи матоъҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намудҳои ҳунарҳои дастӣ муаррифӣ намуданд. Ҳар иштирокчӣ кӯшиш ба харҷ дод, то бо тарҳу нақшу нигори ҷолиб ва рангоранг диққати ҳакамонро ҷалб намояд.

Ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ, ҳунари иҷро, мутобиқати корҳо ба анъанаҳои миллӣ ва навоварӣ баҳои баланд дода, беҳтарин иштирокчиёнро муайян намуданд. Ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Озмун бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии ҷомеа ташкил карда шуда, дар ҷалби ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ саҳми арзанда мегузорад.

АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Апрель 10, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид