Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад

Апрель 7, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи илми тоҷик (15 апрел) аз 6 то 11 апрел Ҳафтаи илм эълон гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар доираи Ҳафтаи илм баргузории маҳфилҳо ва конференсияҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, 6 апрел бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030), «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (2020–2040), «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ» (2026) ва истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ конференсияи ифтитоҳии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Зимни он иброз гардид, ки илму маърифат, фарҳанг ва тамаддун ҳамчун унсурҳои муҳими рушди устувори давлату миллатҳо давоми таърих нақши калидӣ дошта, омили пешрафт ва василаи асосии такомули ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб мераванд.

Гуфта шуд, ки рушди ҳар мамлакат ба сатҳи низоми илму маориф ва дараҷаи саводнокии ҷомеа робитаи зич дошта, маҳз дониш ва маърифат пойдории давлату миллатро таъмин менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ кардаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ илму маориф ва фарҳанг ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.

Таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи илми тоҷик нишонаи рушди фазои маънавию маърифатии мамлакат буда, устувор гардидани мавқеи илм дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз дастовардҳои олимони тоҷик дарак медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «дар сиёсати Ҳукумати мамлакат илм дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирию ғамхории Ҳукумат барои рушди илм заминаҳои устувор фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои дахлдор ва барномаю консепсияҳо дар соҳаи илм қабул шуданд, ки ба тавсеаи таҳқиқоти илмӣ мусоидат намуданд. Солҳои охир бо мақсади дастгирии илмҳои бунёдӣ барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ҳам дар соҳаи маориф ва ҳам дар бахши илм амалӣ мегарданд».

Дар ҷараёни конференсия иттилоъ дода шуд, ки дар 38 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ 520 нафар омӯзгор, аз ҷумла 11 нафар доктори илм, профессор, 80 нафар номзади илм, дотсент, 58 нафар номзади илм, муаллими калон, 4 нафар номзади илм, ассистент, 125 нафар муаллими калон ва 242 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ саъю талош менамоянд.

Баргузории конференсия ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар доираи Ҳафтаи илм ба рушди таҳқиқоти илмӣ, баррасии масъалаҳои муҳим ва пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳад кард.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Апрель 7, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Доир ба ҷойгоҳи тамаддуни ориёӣ дар таърихи башар симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд