Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид

Апрель 11, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивал бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагону довталабон гузаронида шуд. Аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд наздик ба 8000 нафар хонанда ба фестивал омада, бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ мустақиман вохӯрӣ намуда, дар бораи ихтисосҳо, шароити таҳсил ва имкониятҳои грантӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

Иброз гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони мамлакат имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Имрӯз онҳо метавонанд ҷаҳонбинии худро тавсеа бахшида, таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи давлатҳои пешрафта идома дода, донишу малакаи худро такмил диҳанд.

Гуфта шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Ин раванд ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки ин фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳи илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла ба роҳ мондани дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчун платформаи муҳими муаррифии имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар арзёбӣ гардида, ба тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                         

Апрель 11, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд