Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи фанни физика ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки озмоишгоҳҳои муосир заминаи таҳқиқоти илмӣ ва рушди малакаҳои амалии донишҷӯёнро фароҳам оварда, дар рушди фанҳои табиӣ ва муҳандисӣ нақши муассир доранд. Чунин озмоишгоҳҳо ба баланд бардоштани сатҳи таълим, шиносоӣ бо таҷҳизоти муосир ва рушди малакаҳои таҷрибавии донишҷӯён мусоидат мекунанд.
Гуфта шуд, ки донишҷӯён бо таҷрибаҳои амалии физика на танҳо назарияро хуб меомӯзанд, балки малакаҳои ҳалли масъалаҳои амалӣ ва таҳлили илмиро низ такмил медиҳанд. Ин иқдом бо самтҳои стратегии рушди фанҳои табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии мутахассисони ҷавон дар бозори меҳнат мувофиқ аст.
Озмоишгоҳ бо таҷҳизоти муосири лабораторӣ муҷаҳҳаз гардида, имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои гуногуни физика, аз ҷумла механика, оптика, электр ва магнетизм, гармӣ ва равандҳои термодинамикӣ бо шеваи амалӣ иҷро карда шаванд.
Донишҷӯён низ дар ҳузури меҳмонон таҷрибаҳои ҷолибро иҷро карда, ба ин натиҷаи илмӣ расиданд, ки ин таҷрибаҳо маҳз дар шароити озмоишгоҳҳои муосир имконпазир мебошанд. Ҳозирин ба фаъолияти озмоишгоҳ ва сатҳи баланди таҷҳизоти он баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки чунин иқдом барои рушди фанҳои табиӣ ва ташаккули малакаҳои илмии насли ҷавон заминаи устувор мегузорад.
Озмоишгоҳи фанни физика дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии Душанбе ба муносибати «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) дар Тоҷикистон бо дастгирии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва фаъолияти муҳими мақомоти маориф бунёд шуда, имконияти рушди донишҷӯён ва омӯзгоронро дар соҳаи физика ва муҳандисӣ таъмин менамояд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад






