Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд

Апрель 5, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ дар маҳаллаи Сангин Ниёзови деҳоти Оббурдони ноҳия Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, марказ бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва блогери маъруф Диловар Сафаров бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи шуғли занону духтарони маҳаллӣ ва соҳибкасб намудани онҳо бунёд гардидааст. Фаъолияти муассиса асосан ба ҷалби занону духтарони хонанишин ба омӯзиши ҳунарҳои амалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти даромади мустақил равона шудааст.

Бинои марказ аз се ошёна иборат буда, дар қабати дуюми он синфхонаҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ташкил гардидаанд. Дар ин ҷо барои 16 зану духтар ҷойи кору омӯзиш муҳайё карда шуда, онҳо бо истифода аз мошинаҳои муосири дарздӯзӣ нозукиҳои касбро меомӯзанд.

Тавре масъулон иттилоъ доданд, омӯзиши касби дӯзандагӣ дар марказ ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, муҳлати машғулият то се моҳро дар бар мегирад. Пас аз хатми муваффақонаи давраи омӯзишӣ ба хатмкунандагон бо мақсади дастгирӣ ва мусоидат ба оғози фаъолияти мустақил мошинаҳои дӯзандагии замонавӣ ройгон тақдим мегарданд.

Дар марказ на танҳо ба омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ, балки ба ташаккули малакаҳои ибтидоии соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Бо ин мақсад ба дарсдиҳӣ мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, онҳо ба шогирдон роҳҳои дурусти ташкили фаъолияти истеҳсолӣ, муносибат бо бозор ва рушди тиҷорати хурдро меомӯзонанд.

Ифтитоҳи чунин маркази таълимию касбомӯзӣ дар деҳоти Оббурдон қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойи нави кор ва тақвияти нақши занон дар иқтисоди маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 5, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд