Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият доранд, ки аз 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд иборатанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Соли 2026 мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо анҷоми корҳои таъмиру омодасозии агрегатҳо барои боз ҳам беҳтар намудани таъминоти об ба заминҳои кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо 17 ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома баста, ба онҳо 246 миллион метри мукааб об дастрас намуд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Зафаробод аз минтақаҳои муҳими кишоварзии вилояти Суғд маҳсуб шуда, кишти зироат, аз ҷумла пахта ва гирифтани ҳосили фаровон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия нақши муҳим дорад. Дар айни замон тавассути пойгоҳҳои обкашӣ беш аз 32 ҳазору 100 гектар заминҳои кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо об таъмин карда мешаванд.
Соли 2026 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин як агрегати нави обкашӣ ворид гардида, дар пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» васлу насб карда шуд. Иқтидори агрегати нав 7 ҳазор киловатт-соат буда, метавонад дар як сония то 6 метри мукааб об кашад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






