Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар/. Дар шаҳри Санкт-Петербург аввалин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ таҳти унвони «Ҳамбастагии нақлиётӣ ҳамчун асоси тартиботи нави ҷаҳонӣ: аз рақобати глобалӣ ба амнияти умумӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон низ иштирок намуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ин форум майдони нави муколамаи глобалӣ оид ба рушди низоми нақлиёти ҷаҳонӣ дар даврони тағйироти геополитикӣ арзёбӣ гардид.
Форум муовинони сарвазир, вазирон, муовинони вазирон, роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва муассисаҳои логистикӣ, мутахассисон ва коршиносон – дар маҷмуъ қариб панҷ ҳазор меҳмонро аз 60 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ба ҳам овард.
Муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода дар ҷаласаи Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар доираи Форуми якуми
байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ баргузор шуд, гуфт, ки «Тоҷикистон таърихан дар масирҳои Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошт ва пайвандгари Шарқ ва Ғарб буд. Имрӯз Тоҷикистон сиёсати эҳёи онро тавассути рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии таъминот амалӣ мекунад».
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи кунунии геополитикӣ қаламрави Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази транзитӣ, ки кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо давлатҳои сеюм мепайвандад, самаранок истифода шавад. Ҳамчун долонҳои ҷойгузин (алтернативӣ) хатсайрҳои зерин баррасӣ карда мешаванд: «Покистон – Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Қазоқистон – Русия»; долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия» ва «Чин – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон».
Афзалияти ин долонҳо таъмини кӯтоҳтарин хатсайрҳои нақлиётӣ бо хароҷоти ҳадди ақалли логистикӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии иқтидори транзитии минтақа ва ҳамгироӣ ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳоли рушд ва бе дастрасии мустақим ба бандарҳои баҳрӣ пайваста сиёсати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикиро амалӣ менамояд. Табдил додани кишвар ба маркази транзитии рақобатпазир, ки иштироки самаранокро дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва мустаҳкам кардани робитаҳои байнисарҳадии нақлиётӣ таъмин мекунад, аз самтҳои стратегии рушди мамлакат арзёбӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар чанд соли охир 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҳаҷми умумии 2,672 миллиард доллари амрикоӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа қариб 3200 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, 11 нақби автомобилгард, инчунин 219 км хатҳои роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд. Натиҷаҳои бадастомада ба баланд бардоштани алоқаи нақлиётӣ ва сифати инфрасохтори роҳ мусоидат карданд ва ин ба мавқеи ҷумҳурӣ дар раддабандиҳои байналмилалӣ таъсири мусбат расонд. Аз ҷумла, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии кишварҳо оид ба сифати роҳҳои автомобилгард беҳтар намуда, 6 зина боло рафт ва дар байни 165 давлат ҷойи 44-умро соҳиб гардид.
Дар айни замон дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҳаҷми умумии 1,219 миллиард доллари амрикоӣ, ки ба сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии роҳҳои автомобилгард равона шудаанд, идома дорад. Ин лоиҳаҳо ба навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани қобилияти гузариши долонҳои байналмилалии нақлиётӣ равона карда шудаанд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд






