Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид

Апрель 12, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Фестивал аз рӯи  номинатсияҳои зерин: «Намоиши либосҳои қадимии маҳал», «Намоиши либосҳои рӯзмарра», «Намоиши либосҳои маросимӣ ва идона», «Намоиши либосҳои расмӣ» ва «Намоиши намудҳои гуногуни ҳунарҳои дастӣ» доир гардид. Дар он ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, коркарди матоъҳои миллӣ – шоҳӣ, атлас, адрас, гулбаст ва алоча  пешниҳод шуданд.

Бояд гуфт, ки фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мешавад.

Дар фарҷом беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии фестивал-озмун роҳхат гирифтанд. Ин нишони қадршиносии заҳмат ва маҳорати онҳо дар рушди ҳунарҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.

Баргузории чунин фестивалҳо заминаи мусоид барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии арзишҳои миллии тоҷикон дар сатҳи баланд мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 12, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд