Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд

Апрель 11, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоиши байналмилалии «Ҳутали Қадим пойгоҳи зуҳури зобони тоҷикӣ-форсӣ, тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ» дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш баррасӣ ва таҳлили дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз, барқарорсозӣ ва муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардид.

Директори агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз намуд, ки ҳамоиш ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, арҷгузарӣ ба мероси ниёгон ва муайян намудани роҳҳои самаранокии ҳифзу истифодаи минбаъдаи арзишҳои таърихию фарҳангӣ равона мегардад.

Таъкид  шуд, ки ёдгориҳои таърихӣ робитаи наслҳоро таъмин менамоянд. Тавассути шиносоӣ бо ёдгориҳои меъморӣ, осори хаттӣ, санъати мардумӣ ва маконҳои таъриҳӣ инсон дарк мекунад, ки ӯ идомадиҳандаи роҳи тулонии таърихӣ мебошад. Ин дарк ҳисси тааллуқ ба миллат ва ифтихор аз гузаштагони худро тақвият мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд