Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид

Апрель 10, 2026 08:40

 ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш намоиш-фурӯши китоб доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассисаи нашриявии «Адиб»  дар шаҳри Кӯлоб беш аз 130 номгӯй ва зиёда аз 5000 нусха китоб пешниҳод гардид.

Ҳамчунин аз ҷониби Нашриёти ҷумҳуриявии «Ирфон» дар ноҳияи Вахш намоиш-фурӯши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар осори арзишманди илмию адабӣ баргузор карда шуд.

Иброз гардид, ки тоҷикон аз даврони хеле куҳан соҳибхату соҳибкитоб буда, ин арзиши маънавиро давоми асрҳои зиёд эҳтиром ва ҳифзу арҷгузорӣ намуда,  дар рушди такомули он саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи соҳаҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобу китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ин иқдом бо ҳадафи густариши фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа гузаронида шуда, таваҷҷуҳи васеи сокинонро ҷалб кард.

Дар намоиш аз ҷониби муассиса зиёда аз 230 номгӯй китоб, дар маҷмуъ беш аз 8000 нусхаи осори адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва сиёсӣ ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуданд. Китобҳо гуногунмавзуъ буда, ниёзҳои хонандагони синну соли мухталифро қонеъ мегардонанд.

Дар доираи ин чорабинӣ бо иштироки сокинони ноҳияи Вахш маҳфили маърифатӣ низ баргузор гардид. Дар он директори нашриёти «Ирфон», адибону шоирони шинохта ва дигар аҳли қалам суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти китобу китобхонӣ, нақши он дар рушди маънавии ҷомеа ва тарбияи насли ҷавон андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.

Ҳадафи баргузор намудани намоиш-фурӯши китоб оммавигардонӣ ва дастраси насли наврасу ҷавон намудани китобҳо мебошад.Зеро китобхонӣ дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро дар замири ҷавонон ва наврасон бедор мекунад.

Чунин намоиш-фурӯши китобҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ доир мегардад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид