Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд

Апрель 4, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб  идома дорад. Дар намоиш аз тамоми қишрҳои ҷомеа дилбохтагон ва дӯстдорони китобу каломи бадеъ ҷамъ омадаанд. Дар ин хусус ба АМИТ Ховар аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар чорабинии имрӯза асарҳои зиёди нависандагони тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ба намоишу фурӯш гузошта шудаанд. Ин намоиш бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он нашриёти ватанӣ ва хусусӣ номгӯйи зиёди китобҳо ва аз ҷумла, китобҳои тозанашрро пешниҳод намудаанд.

Тавре сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иттилоъ дод, дар намоиш-фурӯш  беш аз 400 номгӯй китоб, ки фарогири мавзуъҳои мухталиф буда, 3000 нусхаро ташкил медиҳанд,   пешниҳоди дӯстдорони мутолиа  гардидаанд. Инчунин имрӯз дар ин намоиш беш аз 50 номгӯй китоби тозанашр бо шаклу муҳтавои нав пешниҳод гардидааст.

Дӯстдорони китоб имрӯз  имкон доранд, ки ба китобҳои харидаашон соядасти адибонро гиранд ва ҳамзамон бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд.

Китобдӯстдорони асил инчунин метавонанд доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд