Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Апрель 4, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 04.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад ва саҳми он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 23,0 фоиз зиёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар мамлакат 3954 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 365 адад ба соҳаи саноати истихроҷ, 3416 адад ба саноати коркард, 72 адад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 101 адад ба таъминоти об ва коркарди партовҳо рост меоянд.

Таҳлили нишондиҳандаҳо собит менамояд, ки рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад. Он барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 4, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд