Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 апрел дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи Низомномаи озмун, даври якум дар маркази шаҳру ноҳияҳо доир гардида, иштирокчиёни фаъол ба даври дуюм роҳхат мегиранд. Даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Корҳои ташкилӣ барои баргузории даврҳои якум ва дуюми озмун ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо гузошта мешавад.
Имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо мегардад.
«Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Ҳадафҳои асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва мусиқӣ, эҷоди асарҳои баландғояи мусиқию санъати тасвирӣ дар васфи Ватан ва дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани маҳорати касбии иҷрокунандагони ҷавон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад






