«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сафармуҳаммад Айюбӣ таҳти унвони «Марди арсаи ҳунар» китоб ба нашр расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин китоб туҳфаи хуб ба дӯстдорони адабиёт, муҳаққиқон ва ҳаводорони эҷодиёти устод Сафармуҳаммад Айюбӣ мебошад, зеро дар он ба симои адабию эҷодии шоир аз дидгоҳҳои мухталиф баҳо дода шудааст. Китоб бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Эр-граф» чоп шуда, аз 7 боб ва бахши алоҳидаи аксҳои таърихии шоир иборат мебошад.
Дар маҷмуа хотираҳо, мусоҳибаҳо, лутфҳо, сӯгномаҳо ва шеърҳои эҳдошуда ба устод Сафармуҳаммад Айюбӣ гирдоварӣ гардидаанд.
Мақолаҳо ва дигар маводи дар китоб ҷойкардашуда ба қалами аҳли илму адабу фарҳанги ҷумҳурӣ ва шахсиятҳои шинохтаи илму адаби хориҷӣ тааллуқ доранд. Онҳо ба таври фарогир рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ ва арзиши осори устодро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Ин маҷмуаро Симо Айюбӣ (духтари шоир) ва Муҳаммади Ғанизода (набераи шоир) омода намудаанд.
Бояд гуфт, ки Сафармуҳаммад Айюбӣ соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Шоир ҳамчун мухбир дар рӯзномаю агентиҳои «Бо роҳи Ленинӣ», «Хатлон», ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993) кор карда, баъдан ҳамчун сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008) фаъолияти эҷодӣ бурдааст.
Муаллифи маҷмуаҳои «Гули гандум» (1980), «Роҳи сафар» (1984), «Шохаи барқ» (1986), «Фалаки роғӣ» (1990), достонҳои «Хоҳиши дарё» (1990), «Мунзим» (1990), «Вафои Зарробӣ» (2001), «Маснавии мирӣ» (2001), «Шаҳриёрнома» (2002) ва ғайра мебошад. Бештар аз 200 драмаи манзум офаридааст, ки «Фишор» (1984)-у «Заволи Чамбули Мастон» (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шуморида шуда, соҳиби ҷоизаи олии фестивал- «Гран-при» гардидаанд. Дар заминаи сенарияҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ 10 филми телевизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои тантанавии давлатии солҳои 1994-1997-и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия ва баргузор шудаанд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон (1999), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000) ва Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театрии Тоҷикистон «Ноҳид» (1994) мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






