««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026./АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 100-солагии нашри «Намунаи адабиёти тоҷик»-и поягузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби ««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» аз чоп баромад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Китоби ««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шудааст.
Ба ҳайати муҳаррирони китоб олимону донишмандони шинохтаи тоҷик- Қобилҷон Хушвақтзода, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Акбар Турсон, Кароматулло Олимов, Саймумин Ятимов, Эраҷ Баширӣ, Масъуд Миршоҳӣ, Муҳаммаддовуд Саломиён, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳасан Султон, Аҳмадхон Муродзода ва Комилҷон Раҳимов дохил мешаванд. Дар ин таҳқиқоти дастҷамъона нахустин бор дар маҷмуъ масоили таърихӣ-адабӣ ва фарҳангӣ, ки фарогири падидаи бузурги таърихӣ, адабию илмиянд, ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Дар пешгуфтори китоби ««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» омадааст, ки таҳқиқи масоили консептуалии таърих ва инъикоси воқеияти таърихӣ, пажӯҳиши методологии инъикоси раванди таърихӣ ва меросбарии фарҳангӣ корномаи симоҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Нақши сарчашмаҳои хаттӣ дар омӯзишу шинохти чеҳраҳои адабӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва идомаи анъанаи меросбарии фарҳангӣ, мактаб, мероси Аҳмад Махдуми Дониш (1827- 1897) дар ташаккули воқеъиятнигории таърихӣ, адабию илмӣ ва ташаккули шахсият, моҳияти иҷтимоӣ-фалсафӣ, бадеӣ-эсттетикӣ аз мавзуъҳоест, ки ба фаъолияти адабию илмии поягузори адабиёти навини тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ (1878-1954) иртиботи ногусастанӣ дорад.
Корномаи илмӣ-адабӣ ва ҷамъиятии устод Айнӣ аз саҳифаҳои рангини таърихи садаи ХХ Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, асари таърихӣ- адабии устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» падидаи бузург на танҳо дар тамаддуни тоҷикон, инчунин хориқа –феномени камназири мардумони Осиёи Марказӣ мебошад, ки 100 сол муқаддам- соли 1926 нашр гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






