СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар шаҳри Хоруғ корҳои ободонию сабзазоркунӣ вусъати тоза пайдо намудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, дар доираи ин тадбирҳо дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хоруғ 5500 адад гулҳои рангорангу зебо шинонида шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдом ободу зебо гардонидани симои шаҳр, фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои сокинон ва меҳмонон, инчунин таҳкими ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Дар баробари ин, тадбирҳои сабзазоркунӣ ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ низ мусоидат менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ободонию созандагӣ бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ гузаронида шуда, дар оянда низ идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон силсилатадбирҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла сабзазоркунӣ, таъмиру навсозии инфрасохтор ва беҳсозии муҳити зист идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд






