«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд

Апрель 7, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Занону духтарони Осорхонаи миллии Тоҷикистон либосҳои миллии шинаму зебои тоҷикона  ба бар намуда, дар Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» фаъолона иштирок намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» аз 1 март то 31 майи соли 2026 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом аз тамаддунофарию фарҳанги бой доштани миллати тоҷик дарак медиҳад.

Муаррифии либоси миллӣ, нигоҳдошту гиромидошти он, риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ, тарғиби либосҳои миллии тоҷикона дар байни занону духтарони тоҷик ва ҷалб намудани тарроҳону чеварон

ба муосиргардонии либоси миллӣ аз ҳадафҳои асосии Иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботию ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!»  арзёбӣ мегардад. Зеро либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дорад, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб шуда, бозгӯйи завқи зебоипарастии мардуми тоҷик аст.

Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд,  «моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар

хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 7, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд