Дар Душанбе татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо ширкати Чин баррасӣ шуд

Июнь 9, 2026 09:16

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати машваратии идоракунии корхонаҳои Гуанчжоу Чжичжи»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ло Юйсян баргузор шуд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, аз ҷумла истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин рушди самти омӯзиши дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) ва ташкили парки технологӣ муҳокима гардиданд.

Таъкид гардид, ки рушди технологияҳои муосир метавонад ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.

Дар идомаи суҳбат масъалаи густариши робитаҳои академӣ байни муассисаҳои таълимии ду ҷумҳурӣ баррасӣ шуда, зарурати ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён муҳим арзёбӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забони чинӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир густариш меёбанд. Дар доираи ин санад пешбинӣ шудааст, ки хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар барномаҳои мубодилаи академӣ иштирок намуда, барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба Чин сафарбар карда шаванд.

Тарафҳо изҳори итминон карданд, ки татбиқи ин созишнома ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти касбӣ ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 9, 2026 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд