Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии назди Сафорат таҳти раёсати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар Русия, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими кишвари иқомат, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо, аҳли зиё ва дигар ҳамватанони муқим иштирок карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия оид ба нуктаҳои асосии Паёми, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ даъват ба амал овард, ки дар рушду равнақи Тоҷикистон, корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштараки илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, инчунин ба мақсади дар сатҳи шоиста истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат фаъол бошанд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ рушди саноатро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ муайян карда, барои истифодаи самараноки захираҳои миллӣ ва ташаккули иқтидорҳои истеҳсолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия доир ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалб намудани ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаcпораҳои тоҷик барои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
Инчунин аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкорӣ байни роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилият дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид карда шуд.
Дар анҷом ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фаъолони Шурои ҷамъиятии назди Сафорат бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҳафт иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон мулоқот намуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон бо директори Дафтари лоиҳавии Маркази минтақавии экологӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд
Дар Теҳрон таҳти унвони «Робиаи Балхӣ: чеҳраи дурахшони назми аҳди Сомониён» ҳамоиши илмӣ доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии оби Стокголм иштирок намуд






