Дар Душанбе Фироқиро ёд карданд
Душанбе, 14 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Осори Махдумқулӣ ва умумияти фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бо ҳузури олимону донишмандони тоҷик, сафирони бархе аз кишварҳои хориҷӣ — Беларус ва Украина доир гардид. Ин чорабинии илмӣ, ки ба ҳаёт ва осори пурғановати яке аз шахсиятҳои барҷаста, поягузори адабиёти классикии халқи туркман, шоири бузург Махдумқулӣ Фироқӣ (1727 -1783) бахшида шуд, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Сафорати Туркманистон дар Душанбе ва ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркманистон аз созмондиҳандагони он буданд. Мамадшо Илолов- президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чинор Рустамова –Сафири Фавқулодда ва Мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон зимни маросими ифтитоҳи ҳамоиш доир ба тавсеаи равобити ҳасанаи Тоҷикистону Туркманистон дар бахши илму фарҳанг табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки муносиботи Душанбею Ашқобод дар партави иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвар -Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов беш аз пеш густариш меёбад.
Баргузории ҳамоиши илмӣ ба хотири гиромидошти мутафаккири бузурги туркман — Махдумқулӣ Фироқӣ дар Душанбе шаҳодати тавсеаи равобити илмии ду кишвари минтақа –Тоҷикистону Туркманистон аст. Донишмандони шинохтаи тоҷик Валӣ Самад, Ато Ҳамдам, Мунира Шаҳидӣ, Муҳамадалӣ Музаффарӣ, Сайидмуҳаммад Одинаев, Рӯзи Аҳмадов, Аскаралӣ Раҷабов, Сайфулло Муллоҷонов, Файзулло Бобоев доир ба умумиятҳои осори Махдумқулӣ бо адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, мероси Маҳдумқулӣ дар забони тоҷикӣ, осори Махдумқулӣ, хусусияти хоси исондӯстона дар осори шоир, таҷассуми ҳаводиси таърихӣ дар ашъори Фироқӣ, Озодӣ ва Махдумқулӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузурги халқи туркман табодули назар карданд. Таъкид гардид, ки Фироқӣ дар рушди фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ бо осори баландпояю нотакрори худ нақши муассир гузоштаст. Махдумқулӣ Фироқӣ, ки писари шоири туркман Давлатмамад Озодист. Махдумқулӣ дар соли 1754 ба Бухоро ва соли 1757 ба Хева рафта дар мадрасаҳои ин шаҳрҳои бузурги маданӣ таҳсил кардааст. Маҳз муҳити фарҳангии Бухоро, ки гаҳвораи тамаддуни тоҷикон аст, дар ташаккули шахсияти шоир нақши босазо гузошт. Осори Фироқӣ тараннумгари ишқу муҳаббати поки инсонӣ, дӯстиву рафоқат, садоқат ба ватан, саодати мардум, эҳтиром ба волидайн буда, тӯли қариб се садсола афкори солими шоир дар рушди фарҳангу тамаддун ва худшиносии мардуми туркман ва сарҷамъии он таъсир гузоштааст. Аз ин ҷост, ки ақидаҳои созандаю башардӯстонаи шоир дар таҳкими истиқлолияти миллию давлатдории Туркманистон мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ашъори шоир нотакрору рангин буда, ҳаёту сарнавишти мутафаккир, хусусан ғурбату ғарибӣ, ноҷӯриҳои қисмату тақдир дар шеъру дубайтӣ ва рубоиҳои шоир таҷассум ёфтаанд. Осори арзишманди Махдумқулӣ бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ аз сӯи донишмандони шинохтаи тоҷик Валӣ Самад ва Ато Ҳамдам тарҷума ва нашр гардидаанд.








Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






