Тоҷикистон муваққатан фаъолияти консулгариҳои худро дар Файзобод ва Кундузи Афғонистон қатъ кард

Январь 16, 2016 08:52

Душанбе, 16.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъияти баамаломада дар вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, фаъолияти консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундузи Афғонистон муваққатан боздошта шуда, дар сурати ором шудани вазъият, дубора оғоз хоҳад шуд.
Ин иқдом ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундуз ба роҳ андохта шудааст.
Бояд гуфт, ки 28 сентябри соли 2015 ҳангоми ишғоли шаҳри Кундуз тавассути ҷангиёни ҳаракати «Толибон», Консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр яке аз аввалин биноҳое буд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифт.
Ҳамчунин 16 майи соли 2014 Консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шуд.
Бо назардошти эҳтимоли такрори чунин амалҳо, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо муваққатан боздошта шавад.
Лозим ба зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва Консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъолияти худро чун пештара идома медиҳанд.

Январь 16, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд