Беҳтарин ҳавлӣ ва маҳаллаи шаҳри Хоруғ муайян гардиданд

Июль 16, 2016 13:18

Хоруғ, 16.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Барои ғолиб омадан дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни ҳавлии беҳтарин аз миёни сокинони шаҳри Хоруғ беш аз 20 оила худро номнавис карданд.
Комисияи вижаи мақомоти шаҳрдорӣ ҳамаи ин ҳавлиҳоро аз назар гузаронида, ба ин натиҷа расид, ки ҳавлии сокини кӯчаи ба номи Кирмоншо Хубоншоеви шаҳр Ашратшо Ақдодшоев ғолиби ин озмун дониста шавад. Дар ин ҳавлӣ ба ҷузъ гулу буттаҳои сершумору гуногуннавъ, ҳамчунин беш аз 30 дарахти сояафкану мевадор шинонда шудаанд. Ин гулу буттаҳо ва дарахтонро соҳибони хона  ҳар сари чанд вақт аз обу поруи маҳалӣ таъмин мекунанд. Тарҳи бинои бинои истиқоматии Ашратшо Ақдодшоев дар асоси усулҳои меъмории миллӣ сохта шуда, бо масолехи сохтмонии маҳаллӣ ороиш дода шудааст.
Хорог-2Дар байни маҳаллаҳои шаҳр маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоев пирӯз шуд. Кӯчаву паскӯчаҳои маҳалла тозаву озода буда, ба мадади сокинони маҳалла барои кӯдакону наврасон майдончаҳои варзишиӣ, дар мавзеъҳои дур аз роҳи мошинагард макони бозӣ ва сайру гашт бунёд кардаанд. Бинохои маъмурию маишӣ бо шиору овезаҳои зебо ва пурмазмун ороиш дода шудаанд.  Сокинони ин маҳалла ҳамарӯза мутобиқи реҷа кӯчаи маҳалларо худашон тоза мекунанд.
Ба гуфтаи раиси комиссияи озмуни вилоятӣ Исрор Исроров, ҳоло дар сатҳи кӯча, ҳавлӣ ва ҷамоату ноҳияҳо низ ин озмун ҷамъбаст гардид ва  19 августи соли равон озмуни вилоятӣ баргузор мегардад. Онҳое, ки дар ин марҳила пирӯз мегарданд, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.

 

Июль 16, 2016 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид