Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи нақлиётчиён таҷлил карда шуд

Июль 26, 2016 10:00

Хуҷанд, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи нақлиётчиён, ки ҳамасола 25 июл таҷлил карда мешавад, дирӯз дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ  бо иштироки кормандон, ронандагон ва маъмурияти муассисаҳои нақлиёти боркашонӣ ва мусофиркашонии маркази вилояти Суғд баргузор гардид.
Роҳбарияти вилоят тамоми нақлиётчиёнро табрик намуда, зикр кард: «Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқ маҳсуб ёфта, рушди кулли соҳаҳо ва набзи шаҳрдорӣ бо фаъолияти нақлиётчиён алоқаманд аст.
Ҳамарӯза 846 адад микроавтобус ва 4 адад автобусҳо дар 92 хатсайр дар ҳудуди маркази вилоят ва маҳаллаҳои атрофи он ба сокинону меҳмонон хизмат мерасонад.
Аз оғози сол тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 638,4 ҳазор тонна бор ва 21,4 млн. нафар мусофирон кашонда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 100,1 ва 110,2 %-ро ташкил медиҳад».
Дар интиҳои чорабинӣ раиси шаҳри Хуҷанд ба 29 нафар кормандони фаъоли соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Июль 26, 2016 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид