Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ: «Соли равон баистифодадиҳии зеристгоҳҳои «Геран-2», «Румӣ», «Бойғозӣ» ва «Қайроққум» пешбинӣ шудааст»

Июль 26, 2016 16:38

Душанбе, 26.07.2016. /АМИТ  «Ховар»/.  «Дар нимсолаи аввали соли сипаригардида лоиҳаи  «Сохтмони хати интиқоли барқи 220 кВ Геран-Румӣ» ва «Сохтмони Неругоҳи барқи обиии хурди Пасор» бо иқтидори 125 кВт ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд»,-иброз дошт вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ.
Усмонали Усмонзода ҳамчунин илова намуд, ки  лоиҳаи «Таҷдиди ДТК 500 кВ дар Неругоҳи Норак» бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаҳои «Сохтмони зеристгоҳи 220 кВ «Геран-2», таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 кВ «Румӣ», «Бойғозӣ», «Қайроққум» тибқи нақша идома доранд ва ба истифодадиҳии онҳо дар соли равон пешбинӣ шудааст.

Июль 26, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст