Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ба МН МО ҶТ пешниҳод гардид

Август 24, 2016 12:06

Душанбе. 24.08.2016. /АМИТ»Ховар»/. Бо мақсади  иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуд, ки   фазои сармоягузорӣ ва маъмурикунонии андозро беҳтар гардонида, инчунин тибқи пешниҳоди вазорату идораҳо, аз ҷумла, мақомоти андозу  андозсупорандагон бо назардошти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллию  буҷети давлатӣ ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз мусоидат менамояд.
Дар лоиҳа тағйироти муқаррароти андоз дар дар якчанд самтҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии субъектҳои хоҷагидор ба моддаҳои 160, 161, 162, 163, 289, 290, 291 Кодекси андоз тағйирот ворид шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, фаъолияти хўроки умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ба ҷойи 18% меъёри пасткардашудаи 5% пешбинӣ карда шуд. Инчунин пешбинӣ  шуд, ки ҳадди ниҳоии даромад барои супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 млн. сомонӣ баланд бардошта  шавад, ки дар натиҷа субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, соҳибкорони инфиродие, ки бо Шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки то 1 млн. сомониро ташкил додани даромади умумиашон андозро тибқи низоми содакардашуда пардохт намоянд.
Ҳамзамон лаҳзаи бақайдгирӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи оғози соли тақвимӣ, моҳи минбаъдаи лаҳзаи ба миён омадани уҳдадорӣ пешбинӣ гардид. Барои дастгирии ташкилотҳои бонкӣ маҳдудият нисбат ба нигоҳ доштани захираҳои қарзҳои беэътимод муваққатан, то оғози соли 2018  бекор карда шуд (м. 115)
Муассисаҳои давлатие, ки бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолатҳои мелиоративии заминҳои кишоварзӣ об истихроҷ менамоянд, аз андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ озод пешбинӣ шудаанд (м.220).
Барои ҳавасмандкунии коркарди дохилии нахи пахта ва маҳдуд намудани содироти бе коркарди он, андоз аз фурўши нахи пахта бекор карда шуд (боби 38, моддаҳои 6, 29, 169, 183, 260, 290, 293).
Андозаи пешпардохти андоз аз фоида камтар пешбинӣ карда шуд (ба ҷойи 1,1 то 1,0) (м. 157). Арзиши хизматрасониҳо ҷиҳати таъмири таҷҳизоти ҳарбӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз озод карда шуд (м.169). Бевосита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътимод эътироф намудани бақияи қарзи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои он пешбинӣ карда шуд (м. 78).
Бо мақсади ба роҳ мондани хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон ва ташкили заминаи ҳуқуқии дар шакли электронӣ пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда кам кардани хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми иҷро намудани уҳдадориҳои андозиашон, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди ҳисобот дар шакли электронӣ, инчунин маҳдуд намудани санҷишҳои мавзўии такрории андоз ба як қатор моддаҳои дахлдори Кодекси андоз тағйирот пешбинӣ карда шуд (моддаҳои 29, 45, 186, 189, 211).
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ҷиҳати пешбурди дурусти бақияи қарзи андозҳо вобаста ба намудҳои он (моддаҳои 65 ва 66), сари вақт чораҷўӣ намудан ҷиҳати ситонидани қарзи андоз аз шахсони қарздоре, ки аз қаламрави кишвар фирор менамоянд, дороиҳоро ба шахсони дигар дода, аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд (м. 75), пешгирии ҳолатҳои аз андозбандӣ саркашӣ намудани ғайрирезидентҳо (м. 128), пешгирӣ намудани ҳолатҳои нодуруст нишон додани арзиши молҳои воридотӣ (м. 166), истифодаи самараноки имтиёзоти андозӣ (313, 325) як қатор тағйиру иловаҳо пешбинӣ шуда, бо мақсади  ҳимояи манфиатҳои буҷети давлатӣ дар давраи таъсири манфии омилҳои берунӣ меъёрҳои андоз барои мошинҳои сабукрави арзишашон баланд, ки иқтидори муҳаррикашон аз 250 қувваи асп бештар мебошад, меъёрҳои андоз барои воситаҳои нақлият нисбатан зиёдтар пешбинӣ карда шуд.
Инчунин бо мақсади бо ҳамдигар ҳамоҳанг сохтани муқаррароти Кодекси андоз ва ба дигар қонунгузорӣ мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси андоз як қатор тағйирот пешбинӣ карда шуд, ки хусусияти таҳрирӣ доранд (моддаҳои 38, 42, 47, 78, 90, 126, 127, 279).

Август 24, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд