«Об-манбаи ҳаёт». Андешаҳои чанд нафар аз ширкаткунандагони Симпозиуми «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт»

Август 10, 2016 16:01

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, норасоии об мебошад. Иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, яъне баргузор кардани Симпозиуми байналмилалии сатҳи баландро оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» муҳим ва саривақтӣ аст, чунки ин гуна ҳамоишҳо ба мо имконияти баррасии ин мушкилотро фароҳам меорад. Норасоии об рӯз то рӯз дар ҷаҳон зиёд мешавад ва  бартараф намудани он, ҳамчунин истифодаи захираҳои обӣ яке аз ҳадафҳои бузург мебошад. Мушкилоти об ва истифодабарию таъмини он ва таъсири он ба соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти давлатҳо, аз ҷумлаи масъалаҳои мубрам боқӣ мемонанд. Имрӯз ин мушкилот ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ баромадааст», — Ҷон Ҳарафст, коршиноси байналмиллалӣ.

«Об ин манбаи ҳаёт  аст. Баргузории чунин симпозиум  барои бартараф намудани мушкилоти об, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир  мебошад, мусодиат менамояд. Яке аз манбаъҳои табиие, ки бе он пешрафти соҳаҳои кишварҳо  ғайриимкон аст, ин об мебошад. Саҳми Тоҷикистон барои баргузор намудани ин ҳамоиши байналмилалӣ хеле хуб арзёбӣ мегардад. Масъалаи об ҳоло ба проблемаи мубрам табдил ёфтааст ва кишварҳои минтақа баҳри ҳалли одилонаи он саъй мекунанд. Саҳми Тоҷикистон дар бартараф намудани мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле назаррас аст ва дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи раванди масъалаҳои байналмилалии об эътироф шудааст», — Намояндаи СММ Абу Аманӣ.

«Таваҷҷуҳи кишварҳо ба Симпозиуми байналмилалӣ дар масъалаи об хеле зиёд мебошад, зеро мушкили асосӣ ин норасоии об аст. Нақши бузурги Тоҷикистон, қабл аз ҳама нақши Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти обӣ хеле калон аст. Ин ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон мавриди дастгирии сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд ва тайи солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаҳо бештар гардидааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад ва саҳмаш дар таҳкими захираҳои обӣ низ назаррас аст. Бояд зикр намоям, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳаллу фасли ин масъалаи глобалӣ аз ҷониби кишварҳои дигар эътироф гардидааст», — Элисе Боуман, Намоянда аз ИМА.

«Бе об зиндагӣ кардан ғайриимкон аст ва мояи зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Кишвари Тоҷикистон аз ҷиҳати ин захираи табиӣ хеле кишвари сарватманд ба ҳисоб меравад.  Пеш аз ҳама, бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад. Ҳадаф аз пешниҳоди чунин ташаббусҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ низ муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари дорои захираҳои бузурги об ва имкониятҳои ин кишвар дар соҳаи истифодаи захираҳои об мебошад. Имрӯз барои ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси давлати аз захираҳои обӣ бой муаррифӣ мегардад.

Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, пеш аз ҳама, пайванди риштаҳои дӯстии байни кишварҳои Шарқу Ғарб маҳсуб ёфта, ҳамчунин  таъмини сокинони сайёра бо об хеле муҳим  мебошад. Бояд зикр намоям, ки дар қитъаи Африқо яке аз мушкилоти асосӣ норасоии оби ошомиданӣ мебошад, ки бештари мардуми ин қора аз кабудии он ранҷ мекашанд. Гумон мекунам, ки ин ҳамоиш дар доираи ҳамкории кишварҳо бо СММ ҷиҳати татбиқи барномаҳои нав барои таъмини аҳолӣ бо об нақши муҳим мегузорад, — Поста Латабе, намоянда аз Нигерия.

Август 10, 2016 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад