Суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”

Август 11, 2016 11:51

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Дӯстони азиз!

 Кори Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ташкил шуда буд, ба анҷом расид.

Тавре ба шумо маълум аст, Ҳадафи шашуми рушди устувор ба худ “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”-ро, ки барои аз байн бурдани камбизоатӣ ва нобаробарӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, суръат додани рушди саноат ва кишоварзӣ, ноил шудан ба истеъмоли устувор ва истеҳсолот ниёзҳо ва истеҳсолоти устувор аҳамияти бунёдӣ дорад, фаро мегирад.

Ҳадафи асосии Симпозиуми мазкур табодули афкор оид ба сабақҳои гирифташуда ва таҷрибаи мусбат дар соҳаи беҳбудии дастрасӣ ба об, санитария ва беҳдошт; ҷорӣ намудани ҳамгироии идораи захираҳои об; такмили манфиатнокии истифодаи об; коҳиш додани ифлосшавии захираҳои об; ҳимояи экосистемаҳои обӣ, буд.

Дар кори Симпозиум намояндагони беш аз 90 кишвар ва даҳҳо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ, қариб 700 нафар шахсиятҳои воломақому сиёсатмадорон, олимону коршиносон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон, намояндагони ҳукуматҳо, сохторҳои гуногуни СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, сохторҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ тайи ду рӯз муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба оби ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбандаро муҳокима намуданд.

Дар доираи Симпозиум 8 мавзӯи сесиявӣ ташкил карда шуд:

  1. Матраҳ намудани ташаббусҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла пешниҳод оид ба Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор
  2. Дастрасии умумӣ ва баробар ба оби ошомидании беҳтар ва арзон
  3. Дастрасии умумӣ ва баробар ба василаҳои сазовори санитарӣ-беҳдоштӣ барои ҳама
  4. Баланд бардоштани сатҳи самарабахши истифодаи об
  5. Таъмини мудирияти кулли захираҳои обӣ
  6. Муҳофизат ва барқарорсозии экосистемаҳои обӣ
  7. Баланд бардоштани сифати об тавассути коҳиш додани  ифлосшавии муҳити зист
  8. Механизмҳои нави инноватсионӣ дар ҷодаи ҳамкориҳо дар доираи об барои рушди устувор

Дар баробари сесияҳо, рӯзи аввали Симпозиум 4 чорабинии ҷудогонаи мувозӣ гузаронида шуд:

  1. Гендер — равишҳои ҳассос барои идоракунии устувори захираҳои об дар Осиёи Марказӣ;
  2. Технологияҳои камхарҷ барои таъмини об ва ҳифзи замин дар ноҳияҳои дурдаст;
  3. Кӯшишҳои Охфам барои таъмин намудани дастрасии умум ба об ва санитария: Робитаи сиёсат, таҷриба ва таҳқиқот;
  4. Баланд бардоштани иқтидорӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва мубодилаи илмӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор.

Баргузории муваффақонаи Симпозиуми мазкур ва фаъолнокии иштирокдорон дар доираи ҳашт мавзӯи сесиявӣ ва дигар чорабиниҳои мувозии Симпозиум аҳамияти ҳаётан муҳим доштани захираҳои обӣ баҳри рушд, зарурати қатъии дастрасии умум ба об ва санитария ва ҳавасмандии тамоми ҷонибҳо дар пешравӣ ба ҳамкорию шарикӣ дар соҳаи обро собит намуд.

Кори Симпозиум аз ҷониби Шумо, муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид.

Бо шарофати касбияти Шумо, доираи васеи одамон, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷ аз он, тавонистанд доир ба ин чорабинии муҳими байналмилалӣ маълумот пайдо кунанд.

Бо боварӣ таъкид менамоем, ки тавсияҳои дар натиҷаи Симпозиум қабулгардида дар кори татбиқи пурра ва саривақтии Ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувор доир ба об саҳми амалӣ мегузорад.

Аз рӯи натиҷаи кори Симпозиум Муроҷиати Душанбе ба амалҳое, ки лаҳзаҳои калидии муҳокимаҳои доиршуда ва як қатор хулосаҳову тавсияҳоро инъикос мекунанд, қабул шуд.

Аз ҷумла, ин ҳуҷҷат аҳамияти қисмати обии рӯзномаи нави рушдро, ки  дар Ҳадафи шашуми рушди устувор возеҳ дарҷ шудааст, таъкид мекунад.

Ҳуҷҷат ба ҷанбаҳои мухталифи мушкилоти дастрасӣ ба таъминоти об ва беҳдошт дахл карда, дар баробари ин ба сифати об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, ҷорӣ намудани ҳамгироӣ дар идораи захираҳои обӣ, ҳифзи экосистемаҳои обӣ, тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи об аҳамияти муҳим медиҳад.

Муҳимият ва саривақтӣ будани ташаббуси навбатӣ дар соҳаи об, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани даҳсолаи байналмилалии нав «Об барои рушди устувор» пешниҳод карда буд, дар ҳуҷҷат махсус зикр шудааст.

Бовар дорем, ки бо пешбарии ташаббуси мазкур дар Маҷмаи кулли СММ мо ҷонибдории ҳамаи давлатҳои аъзоро ба даст меорем.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

Тавре шумо огоҳ ҳастед, Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ва фаъолона масъалаҳои обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ пеш мебарад.

Кишвари мо тайи 15 соли охир ташаббускори бисёре аз қатъномаҳои «обӣ»-и Маҷмаи кулли СММ мебошад.

Бамаврид аст, ба шумо ёдовар шавам, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи кулли СММ чунин қатъномаҳои муҳимро қабул кард:

— эълон намудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза;

— эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»;

— эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об.

Амал ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, кӯшиши ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои об ва  густариши ҳамкориҳо дар соҳаи об тавсиф мешавад.

Бешубҳа, рамзист, ки аввалин чорабинии байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Ҳадаф ва вазифаҳои рушди устувор доир ба об дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Мутмаинем, ки натиҷаҳои Симпозиуми мо дар раванди расидан ба ин ҳадафҳо саҳми арзанда мегузорад ва омодагии худро ҷиҳати дар оянда низ масъалаҳои обро фаъолона дар рӯзномаи ҷаҳонӣ пеш бурдан, таъкид медорем.

Иҷозат фармоед, дар хотима бори дигар ба ҳамаи шарикон, махсусан  Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, Барномаи рушди СММ, Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигарон барои дастгирӣ, инчунин ба оъзои Кумитаи тадорукот ва ҳайати Котибот барои анҷоми корҳо ҷиҳати бомуваффақ гузаронидани Симпозиуми мо изҳори сипос намояд.

 Ба диққататон ташаккур.

 

 

Август 11, 2016 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд