Ҳавои имрӯзаи Душанбе то 23 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 29, 2016 10:46

Душанбе, 29.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 3 то 5 дараҷа ва рӯзона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, 29-уми октябр дар вилояти Бадахшон ҳаво абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво камабри бебориш буда, шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок асосан бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 19 то 24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Октябрь 29, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад