Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох-муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ

Ноябрь 12, 2016 10:53, 789 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

4

Душанбе, 12.11.2016./АМИТ «Ховар»/ Асрори олами сағиру кабир, сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда — аз нумўи гул то чаҳ-чаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо содаанд ва ҳоҷат ба фикркунӣ ҳам нест. Вале дар асл ин тавр нест. Агар амиқтар нигарем, саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок — фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омўзиш ҷалб менамояд.

Инсоният дар талоши донистану фаҳмидан марзҳои номаҳдуди оламҳои «хурд» ва «бузург»-ро ҳадафи аслии худ қарор додааст, ки дар саргаҳи онҳо ду роҳи пурмашаққати илмию тадқиқотӣ ва омўзишию пажўҳишӣ меистад. Яке аз роҳҳои омўзиш ўро ба сўи микроолам (олами зарраҳои бунёдӣ, сохтори молекулаю атомҳо, объектҳои бениҳоят хурд ва ғайра) ва роҳи дигар ба самти макроолам (олами ситораву сайёра, галакикаҳо, вартаҳои сиёҳ ва ҳоказо) мебарад. Вобаста ба вақти рўйдод, дарккунӣ, омўзиш ва пажўҳиши ҳодисаю равандҳои мухталиф ва ба вуҷуд омадани кашфиёту дастовардҳои гуногун хронологияи илмии таърихии пайдоиши илмҳо низ ҳархела аст. Хронологияи илмии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар байни улуми табиатшиносӣ, пеш аз ҳама, нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Пайдоиш ва ташаккули нуҷум ба он вобаста мебошад, ки одамон дар аввал ба Офтоб, Моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқи зиёд зоҳир намуда, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рўи онҳо муайян мекарданд.

Илми нуҷум баъд аз сукути тўлонӣ ба Осиёи Миёна кўчида, дар байни тоҷикону форсҳо ба қуллаҳои инкишофи худ расид ва ба густариш ёфтани фазои азхудкунии қонунҳои табиатшиносӣ боис гардид. Вале ин шукўҳу шаҳомат ва кашфиёти илми нуҷум дер напоид, чунки баъд аз муддате арабҳои биёбонгард ба ин сарзамин ҳамла оварда, тамоми илму фарҳанг ва тамаддуни таърихии ин миллатро муқобили дин хонда, решакан карданд. Бо вуҷуди ин қадар қатлу куштори олимону ба догмаҳои динӣ гирифтани илм аз ҷониби арабҳо дар тўли асрҳои VIII-X ситорашиносони тоҷику форс барои ба арсаи илм овардани астрономияи пешқадами Шарқ басо хизмати арзишманд ба сомон расониданд. Кашфи қонунияти табиатшиносӣ ва равнақи онҳо дар ин замон ба олимон — Муҳаммад ал — Хоразмӣ (780-850), Абўрайҳони Берунӣ (973-1048), Ибни Сино (980-1037), Умари Хайём (1048-1131) ва Насириддини Тўсӣ (1201-1274), ки шукўҳу шаҳоматашон то имрўз омада расидааст, тааллуқ доштанд.

Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ омўзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҷирмҳои осмонӣ ва фазои кайҳон бо барқароршавии сохти коммунистӣ рост меояд. Яъне, бо барқароршавии собиқ Ҳокимияти Шўравӣ дар ин минтақа мардум аз зери асорату таассуботи динию мазҳабӣ озод гардида, аз нав ба озўзиши илмҳои ҷудогона оғоз намуданд. Дар ин давра пажўҳишгоҳу озмоишгоҳҳои мухталифи илмӣ — таҳқиқотӣ бунёд гардида, дар баробари таълиму тарбия ва гузаронидани маъракаи «маҳви бесаводӣ», илмро ба истеҳсолот мепайвастанду мушкилии ҷамъияти замонаро осон менамуданд.

Пажўҳишгоҳи  астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қарори КМ Ҳизби Коммунистӣ ва Шўрои вазирони Тоҷикистон дар заминаи Расадхонаи астрономии Тоҷикистон (солҳои 1948-1958 ин муассиса Расадхонаи астрономии Сталинобод ном дошт ва 13-уми ноябри соли 1932 бунёд ёфта буд) ташкил шуд. Аз рўзҳои аввали ташкили расадхона барои пешбурди корҳои илмӣ — тадқиқотӣ ситорашиносони ленинградӣ, аз қабили С.Г. Натансона, Д.О. Мохнача, Б.В. Окунева ва А.В. Маркова сафарбар карда шуданд. Дар замони Шўравӣ пажўҳишгоҳи мазкур ба худ номи Институти астрофизикаи Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистонро касб намуда, мақсад ва вазифаҳои асосии он аз истидо то имрўз тадқиқ ва истифодаи Коинот мебошад.

Дар солҳои аввали таъсис пажўҳишгоҳ дорои се шуъба —  метеорҳо (шуъбаи мазкур дар дохилаш се озмоишгоҳ: радиолокатсионӣ (1960), ионосферӣ (1960) ва тадқиқоти фотографӣ (1971) дорад), кометаҳо ва ситораҳои тағйирёбанда буд. Баъдтар дар таркиби пажўҳишгоҳ бахши  астрофизикаи назариявӣ (1965), озмоишгоҳи астрофизикаи таҷрибавӣ (1972) ва шуъбаи астрометрия (1975) ташкил гардиданд.  Дар давоми 30 соли минбаъдаи бунёди пажўҳишгоҳ дар ҷумҳурӣ се расадхонаи астрономии замонавӣ сохта шуданд: Расадхонаи астрономии Ҳисор, Расадхонаи астрономии байналхалқии “Санглох” ва Расадхонаи баландкўҳи Помир — Комплекси астрономии рўизаминии офтобии Помир (КАРОП). Яке аз ин расадхонаҳо, Расадхонаи астрономии байналхалқии Санглох аст, ки он соли 1980 дар мавзеи зебоманзараи Санглохи ноҳияи Данғара, дар масофаи 90 километраи ҷанубу шарқии маркази ҷумҳурӣ — Душанбе, дар баландии 2300 м аз сатҳи баҳр бунёд гардида, аз ҷиҳати шароити астроклиматӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Тоҷикистон, ки аз ҳисоби ҷойгиршавӣ ва иқлими хоси худ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ дар ҷаҳон ҳамто надорад, ба пешрафти илми астрономия дар кишвар бо мақсади таъсис намудани марказҳои байналмилалии илмӣ ва тадқиқотии астрономӣ ва ба даст овардани маблағҳои зиёд аз ҳисоби мушоҳидаҳои астрономӣ, мусоидат намуд.

Дар асоси мақсадҳои мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох»-и Пажўҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барқарор карда шуд, ки ин муҳимтарин рўйдоди соҳаи астрофизика пас аз истиқлолият мебошад. Расадхонаи мазкур бо системаи телескопии Ричи-Кретен диаметраш 1 метр, спектрографи «UAGS», камераи фотометрӣ — поляметрии Шмидт (110/150), телескопи 60 сантиметраи Тсейсса ва телескопи қутраш 1-метраи фирмаи Карл-Тсейси Олмон (Тсейс 1000) муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо ин асбобҳои нодир мушоҳидаҳои кометаҳо, астероидҳо (сайёраҳои хурд), ситораҳои тағйирёбанда ва дигар объектҳои кайҳонӣ гузаронида мешуданд. Расмҳои аввалини кометаи Галлей, ки соли 1986 ба Офтоб наздик шуда буд, гирифта шуданд. Мушоҳидаи ин кометаи машҳури системаи офтобӣ, ки дар 76 сол як маротиба дар осмони Замин пайдо мешавад, хеле муҳим буд ва астрономҳои тоҷик тавонистанд ин корро ба анҷом расонанд. Лекин, дар солҳои бесарусомонии 90-уми асри гузашта ин асбобҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ корношоям  гардиданд ва дар давоми 26 сол фаъолият накарданд.

Моҳи июни соли 2016 Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи астрономии байналхалқии «Санглох»-ро бо телескопи Тсейсс-1000 баъди барқароршавӣ аз нав ифтитоҳ намуд ва расадхона ба фаъолият шуруъ кард.  Баистифодадиҳии ин телескопи калонтарин дар Осиёи Марказӣ бо таҷҳизотҳои ҳозиразамони техникӣ имконият медиҳад, ки ҷирмҳои хурдтарину дуртарини кайҳон мушоҳида шуда, зери таҳқиқ қарор гиранд.

Мушоҳидаҳои астрономӣ бо сифати хубу саҳеҳии калон сар шуданд. Кормандони пажўҳишгоҳ бо мушоҳидаҳои сайёраҳои хурд ва радифҳои маснўъи Замин, аз ҷумла партовҳои кайҳонӣ, ба натиҷаҳои хуб комёб гаштанд. Мушоҳидаҳои сайёраи хурди 2016LX48 гузаронида шуданд. Ин астероид бо андозаи 600 м, ки барои Замин хатарноки эҳтимолӣ ҳисоб меёбад, моҳи июни соли 2016 дар расадхонаи ҷазираҳои Гавай кашф шуда буд ва дар масофаи 7 млн. км аз Замин гузашт. Садҳо акси ин сайёра гирифта шуда, аз рўи онҳо дурахшонӣ ва даври гардиши он дар гирди меҳвари худ муайан карда шуд. Акси астероид ва харакати он дар фазои кайҳон дар  расми 1-2 нишон дода шудааст.

rasmi-1

Расми 1. Акси сайёраи хурди 2016LX48 (андоза 600 м, масофа аз Замин зиёда аз 7 млн. км).

rasmi-2-3 rasmi-2-1 rasmi-2-2

Расми 2. Ҳаракати сайёраи хурди 2016LX48 дар осмони ситоразор.

 

Бо коркарди астрометрии сайёра мавқеъ ва мадори он муайан карда шуда, натиҷаҳои мушоҳидаи он дар муддати кўтоҳтарин дар Маркази байналмилалии астрономӣ ба қайд гирифта, чоп шуданд ва баъди танаффуси тўлонӣ номи Расадхонаи Санглох аз нав ҷаҳонӣ гашт.

Инчунин мушоҳидаҳои моҳвораҳои кайҳонӣ ва партовҳои кайҳонии андозаашон хурд гузаронида шуданд. Партовҳои кайҳонӣ, инҳо объектҳои сунъӣ ва қисмҳои онҳо дар фазои кайҳон мебошанд, ки вайрон шуда, фаъолият намекунанд ва дигар бо ягон мақсад истифода бурда намешаванд. Телескопи Расадхонаи Санглох имконият медиҳад, ки ҷирмҳои андозааш 10 см-ро дар масофаи 40 ҳазор км мушоҳида ва таҳқиқ кард.

Дар расми 3 акси ҷирми андозааш 40 см (партови кайҳонӣ аз радифи сунъии чинӣ) дар масофаи 40 ҳазор км аз Замин нишон дода шудааст.

3-3 3-1 3-2

Расми 3. Акси партови кайҳонии андозааш 40 см дар масофаи 40 ҳаз. км аз Замин

Аз сабаби зиёд шудани парвози моҳвораҳои давлатҳои гуногун, дар кайҳон миқдори партовҳои кайҳонӣ дар чанд соли охир зиёда аз 30% афзуд (расми 4).

4

Расми 4. Ҳаракати объектҳои сунъии корӣ ва партовҳои кайҳонӣ дар атрофи Замин.

 

Барои бехатарии парвози мушакҳо ва  стансияҳои кайҳонӣ, хеле зарур аст, ки мушоҳидаҳои партовҳои кайҳонӣ гузаронида шуда, мавқеи онҳо дар фазои кайҳон маълум карда шавад. Дар акси ҳол, бархурди моҳвораҳо ва стансияҳои кайҳонӣ бо партовҳо аз эҳтимол дур нест. Якчанд маротиба ҳодисаи бархурди партовҳо бо асбобҳои кайҳонии амалкунанда рух додааст. Ҳатто барои бехатарӣ аз партовҳо, кайҳоннавардони Стансияи байналмилалии кайҳонӣ маҷбур мешаванд, ки ҳар моҳ як маротиба хати ҳаракати стансияро тағйир диҳанд.

5

Расми 5. Акси се моҳвораи алоқаи ҳиндӣ GSAT-14 (№1), GSAT-7(№3), INSAT-4CR (№4) ва объекти номаълум (№2).

Дар расми 5, се моҳвораи алоқаи ҳиндӣ GSAT-14 (2014) (№1), GSAT-7(2013) (№3), INSAT-4CR (2007) (№4) акс ёфтаанд, ки бо телескопи Тсейсс 1000-и Расадхонаи Санглох аксбардорӣ шудаанд. Дар расм объекти №2 объекти номаълум мебошад, ки дар феҳрасти моҳвораҳо қайд нашудааст.

Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ, ки ба онҳо бевосита Институти астрофизикаи АИ ҶТ машғул аст, тақозои замон буда, баҳри беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ дар рўи Замин равона карда шудаанд. Дар корҳои илмию тадқиқотии ояндаи кормандони пажўҳишгоҳ ва расадхонаҳои зертобеи он тадқиқи ситораҳои тағйирёбанда ва нособит, комплексҳои ташаккули ситораҳо, сохт ва динамикаи галактикаҳо давом хоҳанд кард. Корҳои астрометрӣ, ки асосан хислати амалӣ доранд ва мушоҳидаҳои радифони сунъии Замин мувофиқи созишномаҳо, дар навбати аввал бо Федератсияи Россия гузаронида мешаванд. Тадқиқи эффектҳои зилзилаю ионосферӣ, дар қатори дигар усулҳои омўхтани заминларзаҳо, ки дар истифодаи Институти геология, сохтмонҳои ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология мебошад, ба коркарди усулҳои пешгўии кўтоҳмуддати зилзилаҳои фалокатовар равона карда мешаванд. Дар пажўҳишгоҳ тадқиқи экологияи атмосфера ва астроклимат низ инкишоф хоҳад ёфт.

 

Г.И. ҚОҲИРОВА,

директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ

А.Ш. МУЛЛО-АБДОЛОВ, У.Х. ҲАМРОЕВ,

кормандони Институти астрофизикаи АИ ҶТ

Ноябрь 12, 2016 10:53, 789 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

либос 2Тоҷикон аз қадим либосҳои зебои занона дошта, ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд
Устод Камол Насруло.06.02.17 (4)Камол Насрулло: «Дини мо тамкину одоб аст» (Андешаҳо перомуни мақолаи С. Фаттоҳзода)
назарзодаС. Назарзода: «Дар раванди ҷаҳонигароӣ забонҳои давлатӣ зери нуфуз ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон қарор мегиранд»
РахнамоАбдуллоҳи Раҳнамо: «Ташаккули қишри зиёии миллитафаккуру давлатмеҳвар як дастоварди муҳими миллист» (Дар ҳошияи мақолаи С. Фаттоҳзода)
????????????????????????????????????21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ: Дар «Китоби сурхи забонҳо»- и ЮНЕСКО 11 забони Тоҷикистон ворид гардидааст
Kontrol-Stop-300x200Роҳҳои гурез барои террористон баста мешаванд
парчамЭлитаи сиёсии Тоҷикистон киҳоянд?
ФаттохзодаАбдураҳмон Муҳаммад: «Фаттоҳзода ҷомеаро ҳушдор медиҳад, ки роҳҳои пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои муосирро дарёбем»
Айни С.Хурофот — душмани илм, рушд ва пешрафт
Саидмурод Фаттохзода-2ҲАЗОРСОЛА РАҲ АСТ АЗ ТУ ТО МУСАЛМОНӢ!… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?
Музафар Начмидинов МТ ИСТИКЛОЛ (6) — копияЗарари телефони мобилӣ: афсонаи олимон ё ҳақиқат?
Камол НасруллоКамол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Имрӯз меҳани мо худ меҳани ҷавонист…»