КҲФ: хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад!
ДУШАНБЕ, 29.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 28 январи соли 2017 дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва бориши шадиди барф роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар қисмати аз километри 51 то 71-ум баста шуда, беш аз 100 мошин дар муҳосира монданд.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки барои ташкили корҳо ҷиҳати муваққатан аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои осуда кӯчонидани одамон бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ М. Салимзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи корҳои анҷомшуда аз шаби 28 то 29 январ 500 нафар одамон, 30 адад мошинҳои боркаш ва 60 адад мошинҳои сабукрав ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Як нафар бедарак шудааст.
Инчунин барои тоза намудани роҳи мошингард ва барқарор намудани оқибатҳои ҳолати рухдода хадамоти роҳи ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) аз ду тарафи роҳ 6 адад техника сафарбар намудааст.
Дар ҷойҳое, ки тарма фаромадааст, барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи IRS дидбонгоҳ гузошта шудааст.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Варзоб аҳолии зарардида бо маводи хӯрокӣ ва хизматрасонии тиббӣ таъмин карда шуданд.
Инчунин 28 январ дар километри 91-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол, дар мавзеи Кабудҷари ҷамоати Ҳакимии ноҳияи Нуробод тарма фаромад. Барои тоза намудани роҳ ду техника сафарбар шудааст. Қурбонӣ нест.
Вазъи роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, ки аз сабаби тармафароӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони ВМКБ баста аст, муташанниҷ боқӣ мемонад. Ситоди барқарорсозии ҳолати фавқулода таъсис дода шудааст, ки шабонарӯзӣ фаъолият дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар даъват мекунад, ки аз сафарҳои дурудароз ва рафтан ба мавзеъҳои тармафаро худдорӣ намоянд.
Қаблан Кумита иттилоъ дода буд, ки бо назардошти гармшавии ҳаво ва боришоти зиёд тайи чанд рӯзи охир эҳтимолияти фаромадани тарма дар ноҳияҳои ВМКБ, дар доманакӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб ва Хоруғ-Ишкошим боқӣ мемонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад






