ҲАДИСИ ОБ. Дар ҳошияи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Февраль 18, 2017 12:36

Абдукодири АбдукаххорДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ҷонибдории беш аз 190 давлати дунё паризуфта шуд, дар тамоми ҷаҳон ҳамовозии гарму ҷӯшон ёфт. Имрӯз ҳар як шахс кӯшиш мекунад, ки дар бораи об сухани хуб гӯяд. Хабарнигори мо бо Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, журналист, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лохутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки дар бораи об маъхазҳои ҷолиб дарёфт кардааст, мусоҳиб шуд. Ӯ зимни суҳбат гуфт:
— Аз чаҳор унсури ҳаётбахши табиат об, бешак, асоситарин ва қиматтарин неъмати Худовандист. Об на танҳо асоси мавҷудияти сайёраи замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Фарзандони Одаму Ҳавво маҳз аз оби ҳаётбахш аз пушти падар дар раҳми модар ҳаст шудаанд.
« Ва Ў он Худо аст, ки аз об одамӣ офарид… Ва Парвардигори ту тавоно аст (сур. Фурқон, ояти 54)». Агар аз се ду ҳиссаи рӯйи замин аз об аст, пас, аз се ду ҳиссаи организм ё бунияи инсон низ аз об таркиб ёфтааст. Дақиқтараш 83 фоизи бунияи кўдаки навзод ва 70 фоизи бадани калонсолон аз об иборат аст.
Илм исбот намудааст, ки вуҷуди ҳамли шашрўза дар батни зан 97,8 фоизаш об аст. Тақсимоти об дар организми инсон нобаробар аст: дар таркиби мағзи сар 90, хун 81, мушакҳо 75, пӯст ва ҷигар 70, устухон 20 фоиз об мавҷуд аст. Яъне, ба таври рамзӣ дар вуҷуди инсон як дарёи сершохобе дар ҷараён аст. Бо назардошти синну сол оби бадани организми инсон кам ва оқибат то ҳадде мерасад, ки дигар наметавонад ҳаётро дар вуҷуди инсон таъмин намояд, ки оқибаташ завол ё марг аст. Манзур марги табиист.
Мисоли дигар. Чаро дарахт мехушкад? Чун решаҳо вазифа ё функсияи обрасонияшонро аз даст додаанд; бар асари буридан, нестшавии обҳои зеризаминӣ, беобӣ ва ғайра. Меваи аз дарахт канда низ муддате пуртароват мемонад, вале бо гузашти вақт, баъди бухоршавии обаш пажмурдаю фасод гардида, ба пору табдил ёфта, нест мешавад.
Инчунин тамоми дигар махлуқоти зиндаи ғайриодамӣ низ офаридаи обанд. «Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин баста буданд, пас, онҳоро во кардем; ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоваранд? (сур.Анбиё ояти 30). Воқеан ин муъҷиза-об моломоли асрор аст ва садсолаҳост, ки олимони соҳаҳои гуногун пажӯҳиш ва тадқиқоти зиёде гузарондаву мегузаронанд. Аз ҳар як пажӯҳиш як асрор ва як паҳлӯи наву нодири обро кашф менамоянд.

Водный форум-2
Тозатарин пажӯҳиш чанде қабл анҷом ёфт. Олими рус С.В Зенин рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Хотираи об» бомуввафақият ҳимоя намуда, боз як сирри дигари ин неъмати зиндагисозро бозкушоӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Муаллиф исбот намуд, ки дар вуҷуди об ҳудуди 44 000, як навъ, лавҳачаҳои қабули ахбор мавҷуданд, ки онҳо монанди нўги торҳои асабҳои ҳискунанда ба таъсирҳои гуногуни муҳит таваҷҷуҳ намуда, онҳоро дарк намуда, вокуниш нишон медиҳанд. Ҳамин тариқ, илман исбот гардид, ки об сухан ё амалеро ба хотир мегирад, хушнуд ё ғамгин шуда, гоҳо қаҳр мекунад, қасос мегирад ва ғайра. Олими ҷопонӣ ба се қадаҳ об гирифта, якеро танқиду таҳдид ва дашном медиҳад, дигариро ситоишу васф мекунад ва ба сеюмӣ таваҷҷуҳ намекунад. Дар натиҷа, аввалӣ гандида мегардад, дуввумӣ мусаффотар мегардад, сеюмӣ тира мешавад. Дар озмоиши дигар ба ду қадаҳ об гирифта ба аввалӣ мусиқии классикӣ мешунавонад, ба дигарӣ мусиқии роки вазнин. Сипас, зуд оби қадаҳҳоро ях мекунонад. Зимни тамошо бо заррабин мебинанд, ки молекула ва атомҳои обе, ки мусиқии классикӣ шунавонида шуд, монанди гули барф зебо, аз дуюмӣ парешону омехтаву сардаргуму баднамо менамоянд.
Мусаллам аст, ки оби уқёнусҳо ошомиданӣ набуда, шўру бетамъ аст. Боре киштие ба садама дучор мешавад ва чанд нафар маллоҳон бо нохудои киштӣ ба заврақе ҷон ба саломат мебаранд. Баъди як чанд рӯзҳои ранҷу ташнагӣ онҳо аз таҳти дилу имон бо ниёише ба уқёнус муроҷиат мекунанд. Мӯъҷиза рух медиҳад, об онҳоро мешунавад, оби уқёнус ошомиданӣ мешаваду онҳо ҷон ба саломат мебаранд.
Дар Исландия-макони обҳои гарм чашмаи шифобахше мавҷуд аст. Ҳар нафаре, ки хотираашро бар асари беморӣ ё садамае аз даст додааст, баъди нӯшидани ҷуръае аз ин чашма хотирааш барқарор мешавад. Ғусли таъмид додан, обпошӣ дар калисоҳои масеҳӣ, шарофати оби чашмаи зам-зам, дуои дегдон дар об, оби дам, дуои таштоб, оби бандкушо, оби никоҳ ва дигар расму русуми динҳои башарӣ, зарфҳои обро гузоштан дар ҷараёни сеансҳои гипноз низ исботи муқаддасӣ ва волоияти ин муъҷизаи Худовандист.

Февраль 18, 2017 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад