Дар Бадахшон ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» муайян шуданд

Февраль 24, 2017 17:07

БиблиотекаХОРУҒ, 24.02.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дар озмуни имсолаи «Китобхони беҳтарин» аз муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ 520 нафар кӯдакону наврасон ширкат варзиданд. Эраҷ Ҷонмирзоев, сардори Раёсати маорифи ВМКБ дар маросими супурдани туҳфаҳо ба ғолибон гуфт, ки «соли шашум аст ин озмун баргузор мегардад ва сол аз сол шумораи иштирокдорони он афзоиш меёбад. Ҳадафу мароми озмун бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб мебошад. Зеро бо рушди бесобиқаи технилогияи муосир дар чанд соли охир фарҳанги китобу китобхонӣ дар канор монд. Ин ба коҳиши саводи хаттию шифоҳии хонандагон оварда расонд. Ҳангоми санҷиши корҳои хаттӣ ин масъала баръало эҳсос мешавад. Умедворем, ки озмуни мазкур ба боло бурдани сатҳи дониши хаттӣ ва шифоҳии хонандагон кумаки назаррас мерасонад».
Имсол дар барномаи озмун тағйирот ворид шуда, мутобиқи он хонандагон бояд пас аз мутолиаи китоб дар асоси мазмуни он филми кӯтоҳ таҳия кунанд.
Дар озмун панҷ филми кӯтоҳи бадеӣ дар ҳаҷми аз 5 то 10 дақиқа пешниҳод гардида, филми хонандагони литсеи Оғохон аз рӯи асари нависандаи рус А.П. Чехов «Қаҳри кӯдакӣ» мақоми аввалро гирифт. Омӯзгори литсеи мазкур Заррина Шерғозиева зикр кард, ки филми мазкур на танҳо барои кӯдакон, балки барои волидони онҳо низ аҳамияти хуби тарбиявӣ дорад. Зеро филм ба ҳаёти як оила бахшида шудааст, ки нисбат ба кӯдаки худ беэҳтиноӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Ба суолаш посух намедиҳанд, дар сари мизи хӯрок ӯро сарзаниш мекунанд, чун меҳмон ояд, аз хона берунаш мекунанд. Дар анҷом Раёсати маорифи ВМКБ ва маъмурияти литсеи Оғохон ба 25 нафар ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Февраль 24, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид