С. Назарзода: «Бояд ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузорем» (Вокуниш ба мақолаи С. Фаттоҳзода дар сомонаи АМИТ «Ховар»)

Февраль 18, 2017 10:59

nazarzodaДУШАНБЕ, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии «АМИТ «Ховар» 10 феврал мақолаи муовини якуми Раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон  Саидмурод Фаттоҳзода бо номи «ҲАЗОРСОЛА РАҲ АСТ АЗ ТУ ТО МУСАЛМОНӢ!… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?» пешниҳоди фарҳангиёни тоҷик  гардид, ки имрўзҳо атрофи он вокунишу андешаҳои зиёде нашр шуда истодаанд. Бисёриҳо ин мақоларо саривақтӣ ҳисобида, муаллифро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд.

Бояд зикр кард, ки С.Фаттоҳзода дар мақолаи мазкур аз ҷонибдории  бунёди давлати демократӣ сар карда, то  вазифаҳои идеологияи сиёсӣ, андешаҳо дар бораи мусалмонон ва  атеистон, ғояи либерализми ғарбӣ, стандартҳои дугона ва талошҳои бемаънии  диниву  мазҳабиро таҳлили хеле ҷолиби  муқоисавии сиёсию  фарҳангӣ намудааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистсон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба мақолаи С. Фаттоҳзода андешаҳояшро чунин иброз намуд :

-Дар партави суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 январи соли 2017), ки барои муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятии ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати тарбияи мардуми кишвар, бахусус ҷавонони он дар рўҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи миллат аҳамияти таърихӣ дошт,  мақолаи С. Фаттоҳзода, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо номи «Ҳазорсола раҳ аст, аз ту то мусалмонӣ» пешниҳоди мардум гардид. Дар ин мақола, пеш аз ҳама,  масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ бо истифода аз маводи таърихии давраҳои пешин баррасӣ гардида, дар намунаи гуфтаҳои донишмандони ҳам ғарбиву ҳам шарқӣ масъалаҳои фалсафии ҷомеа дар намунаи андешаву тафаккури миллии халқҳои гуногун барои таҳкими андешаи миллӣ пешниҳодҳои мушаххас баён гардидаанд. Муаллиф менависад: «Агар мо ба таърихи башарият назар андозем, маълум мегардад, ки дар иттиҳоду ҳамраъйъии халқу миллатҳои гуногун идеология, бахусус идеологияи сиёсӣ нақши муҳим бозидааст».

Аз ин нуқтаи назар, ҷомеаи Тоҷикистон, ки аз қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ иборат аст, дар даврони истиқлол ба андешаву тафаккури созандаи даврони истиқлол эҳтиёҷ дорад, ки ин андеша бояд тамоми қишрҳои ҷомеаро, новобаста аз мафкураи маҳдуди иҷтимоӣ, динӣ, табақавӣ муттаҳид карда тавонад. Дар ин росто, ҷамъ овардани андешаҳои бузургони мо, такя кардан ба таҷрибаи дерини таърихии мардуми тоҷик аз фоида холӣ нахоҳад буд. Миллати тоҷик таърихи дерина дорад ва тамаддуну фарҳанги он аз умқи таърих сарчашма мегирад. Омўхтану аз худ кардани таҷрибаҳои пешқадами тамаддуну фарҳанги мо барои муайян кардани принсипҳои асосии андешаи миллӣ аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Мову шумо огоҳ ҳастем, ки мардуми тоҷик аз ҷумлаи аввалин тамаддунофарон ва нахустин соҳибкитобони башарият мебошад. Китоби муқаддаси «Авесто», ки таърихи беш аз 5-ҳазорсола дорад, дар рушду такомули андешаи миллии мардуми тоҷик аҳамияти хоса дорад. Махсусан, се унсури асосии ин давраи тамаддуни таърихии мо дар шакли «гуфтори нек», «пиндори нек», «кирдори нек» дар муддати ҳазорсолаҳо маҳак ва меъёри андешаҳои ахлоқиву фарҳангиву тамаддунии мардуми мо буд ва ин унсурҳо то имрўз дар байни мардуми мо роиҷ буда, аҳамияти умумибашарӣ пайдо кардаанд.

Аз тарафи дигар, тамаддуни исломии миллати мо, ё фарҳанги исломии мо дар муддати ҳазорсолаи охир аз ин таҷрибаҳои гузаштагони мо ба таври самарабахш истифода карда, имрўз пояи аслии тамаддуни моро ташкил медиҳад. Дар ҳазорсолаи охир фарҳанги миллии мо бо фарҳанги исломӣ омезиши рангин пайдо карда, бахшҳои аслии фарҳангу тамаддуни худро ба он дода, дар бунёди таҳдоби фарҳангу тамаддуни исломӣ таъсир гузошта ба он бўи тоҷикӣ дод. Дар ин давра шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба дунё омаданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик, забону адаб ва фарҳанги исломии тоҷикон нақши бориз доштанд. Дар оғози ин давраи рушди халқи тоҷик ҳукмронии Сомониён шакл мегирад, забони тоҷикӣ забони расмиву коргузорӣ, забони адабиёти ғании тоҷикиву форсӣ мегардад. Рўдакиву Фирдавсӣ, Синову Беруниву Носири Хусрав, Саноиву Аттор ва ҳазорон бузургони илму адаб ва фарҳанги мо бо эҷоди осори пурганҷи хеш поягузорони забони тавонои илмиву байналмилалии тоҷикӣ гардиданд. Арзишҳои таърихие, ки ин бузургон бунёдгузорони он ҳисоб мешаванд, дар оянда бо осори гаронбаҳои суханвароне, чун Мавлавии Балхӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камолу Ҷомӣ, Соибу Бедил, Аҳмади Донишу Мирзосироҷи Ҳаким, Айниву Лоҳутиву Турсунзода появу бунёди фарҳангу тамаддуни тоҷиконро ташкил медиҳанд ва имрўз миллати тоҷик дар бунёди ҷомеаи дунявию иҷтимоӣ, таҳаммулпазиру дур аз хурофотпарастӣ ба онҳо ниёз дорад. Ба воситаи ин абармардони таърихи миллати мо сиришти маънавиву фитрӣ ва ҳувияти милливу таърихии миллат, хештаншиносиву худогоҳии тоҷикон ҳифз гардид ва мо имрўз бо ифтихор аз осори онҳо ҳамчун мероси фарҳангии миллати худ истифода менамоем.

Дар поягузории андешаи миллӣ, пеш аз ҳама, пажўҳишу таҳқиқи муфассали илмии осори фарҳангиву адабӣ ва таърихии гузаштагони мо ва ҷамъоварии маводи таҳлилӣ аз фоида холӣ нахоҳад буд. Тавре С. Фаттоҳзода хотирнишон месозад: «…мо бояд аз илму технологияи инноватсионии муосир бархурдор бошем, насли ҷавонро дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ, омўзиши забон ва фарҳанги миллатҳои мутараққии ҷаҳон тарбия кунем ва дар айни замон ба арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳанги маънавии худ арҷ гузорем».

Тавре маълум аст, фарҳанг моҳияти умумимиллӣ дошта, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодиву сиёсӣ, адабиву илмӣ ва таърихии ҷомеаро фаро мегирад. Осори қишрҳову табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар шаклҳои гуногуни навишторӣ таҳия шуда, мавзўъҳои фалсафиву адабӣ, диниву ривоятӣ ва афсонавиро дар бар мегирад, дар намунаи фарҳанги мардуми мо бештар ба забони фасеҳу ноби модарии мо навишта шуда, барои ояндагон ба мерос гузошта шудаанд. Бинобар ин, арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ ҳамчун як унсури ваҳдатовари фарҳангӣ дар консепсияи андешаи миллӣ бояд мавқеи сазовор дошта бошад.

Ин нукта, яъне арҷгузорӣ ва эҳтиром гузоштан ба забони модарии мо дар ҳар як суханронӣ ва асарҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид шудааст. Барои боз ҳам бештар таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ба ҷуз аз такя намудан ба андешаҳои пандомезу ахлоқии гузаштагони мо ва дастовардҳои ҷаҳонӣ, дар бобати бунёди давлати дунявӣ ва ҳуқуқбунёд такя бар дастовардҳои даврони истиқлол дар сохтмони давлатӣ хеле муҳим аст. С. Фаттоҳзода дуруст зикр мекунад: «Ҳамин гуна як идеологияи фарогири сиёсӣ, ки омили муттаҳидкунанда ва ҳамгироии миллати мост, дар тамоми баромадҳои сиёсии Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан ба назар мерасад ва зарурат ба ихтироъ ва таҷдиди он нест».

Албатта, ин вазифаи муқаддаси ҳар як фарди худогоҳу баномуси миллат аст, ки барои ҷомеаи Тоҷикистонро «аз ангезаҳои хатарзои замони муосир» эмин нигоҳ доштан саъю талош варзад. Барои ин бояд ҳама якдилу якҷон дар атрофи Пешвои миллат, Сарвари тоҷикони ҷаҳон муттаҳид бошем ва бо такя ба хиради азалӣ ва дурандешиву ободкории ин бузургмарди таърихи мо дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии тоҷикон даст ба дасти ҳам гузошта, саҳмгузор бошем.

Февраль 18, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид