«Ҷавонон–ояндасози Ватан»- мусобиқаи тенниси рӯи миз

Март 11, 2017 12:56

ДУШАНБЕ, 11.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба тенниси рӯи миз доир гардид. Дар ин мусобиқа кормандони Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Беш аз 60 нафар варзишгар дар ҳайати 16 даста маҳорати теннисбозии худро дар рӯи тахта санҷиданд. Тенниси рӯи миз миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳбубияти хоса дорад. Ин аст, ки варзишгарону мухлисони зиёди ин варзиш ба толори варзишӣ ҷамъ омаданд ва дар миёни иштирокчиён шумораи кормандзанон низ кам набуданд.

Сабқатҳо тибқи қоидаҳои қабулшудаи тенниси рӯи миз доир гардида, ба маҳорати варзишгарон аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳогузорӣ шуд.

Дар натиҷаи рақобатҳо ва ҳисоби натиҷаи бозиҳо миёни корманд-занон ҷойи аввалро М.Хисравова аз дастаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон ба даст оварда, ҷойи дуюмро Б.Уроқова аз дастаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷойи сеюмро намояндаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Ф.Азиззода соҳиб гаштанд.

Ҳамчунин дар мусобиқаи тенниси рӯи миз дар байни мардҳо ҷойи аввалро Б. Ёрматов аз дастаи Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, зинаи дуввумро Ф.Холиқов аз дастаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Х. Асоев аз дастаи Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ишғол намуданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ишғоли ҷойҳои бештари ғолибият дастаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми дуюм ва дастаи Раёсати нозиротӣ-ташкилӣ ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд. Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ Ҷом, медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Март 11, 2017 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид