Дар Исломобод Саммити 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад

Март 1, 2017 08:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон – шаҳри Исломобод Саммити 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ-ЭКО/ баргузор мегардад. Дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамоянд.

«Давлати мо ба усулҳо ва ҳадафҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ содиқ буд ва хоҳад монд ва омода аст сатҳу сифати ширкати худро дар чаҳорчӯбаи фаъолияти он баландтару хубтар намояд».

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 12-уми ЭКО дар Боку, моҳи октябри с. 2012).

Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) 12 марти соли 1977 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз ба имзо расидани Паймони Измир таъсис ёфтааст. Аз соли 1964 то соли 1979 ЭКО таҳти номи Ҳамкории минтақавӣ ба хотири рушд (ҲМР) фаъолият мекард. Бо анҷом ёфтани «ҷанги сард» воқеиятҳои нав пайдо шуданд, ки фарохгардии ҷуғрофиро бо аъзо шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон имконпазир намуданд. Ин тағйирот ЭКО-ро ба созмони минтақавии махсуси геостратегӣ ва дорои имкониятҳои иқтисодӣ табдил доданд. ЭКО ҳалқаи ягонаи миёни се минтақаи Осиё – Осиёи Миёна, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ, ки платсдарми байни Аврупо ва Осиё маҳсуб меёбанд, мебошад.
Бо ҳамроҳ шудани дигар кишварҳои аъзо ба Созмон (28 ноябри соли 1992) намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Исломобод Замима ба Паймони Измирро ба тасвиб расонданд (ин рӯз – рӯзи ЭКО эълон гардид). 14 сентябри соли 1996 дар шаҳри Измир бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ЭКО маросими баимзорасонии Паймони Нави Измир – Низомномаи Созмон ва Созишнома оид ба мақоми ҳуқуқии ЭКО барпо гардид.
Дар доираи созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон – Паймони Измир, Созишнома оид ба тиҷорати транзитӣ дар минтақаи ЭКО, Созишномаи чорчӯбавии ЭКО оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, Созишномаи тиҷоратии ЭКО /ЭКОТА/, Низомномаи Институти фарҳанги ЭКО, Низомномаи Фонди илмии ЭКО ва Низомномаи Институти маорифи ЭКО-ро ба тасвиб расонида, тасдиқ намудааст.
ЭКО аз 28 сентябри соли 1993 инҷониб дорои мақоми нозир дар СММ ва инчунин дар Созмони конфронси исломӣ /СКИ/ мебошад. Ҳадаф ва вазифаҳои дар санадҳои асосии созмон , аз ҷумла Паймони Измир (Низомномаи ЭКО), Нақшаи Алмаато оид ба рушди бахши нақлиёт, Эъломияи Ашқободии мулоқоти ғайринавбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ЭКО оид ба рушди инфрасохтори нақлиёту алоқа ва шабакаи қубурҳои фаромиллӣ дар минтақаи ЭКО ва Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ дар минтақаи ЭКО дарҷгардида рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти бозаргонии кишварҳои аъзо ва ҳамгироии босуръати онҳоро дар низоми хоҷагидории ҷаҳон таъмин менамоянд.
Ҳадафҳои мазкур ба самти пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навсозии иҷтимоию иқтисодии иқтисодиёти кишвар мутобиқат мекунанд. Масоили таъсиси низоми боэътимоди нақлиётию транзитӣ, содагардонии расмиёти тиҷорат, вусъати тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетика, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, гардиши озоди қувваи корӣ ва мол, инчунин таъсиси фазои умумии иқтисодӣ «симо»-и имрӯзаи рӯзномаи ЭКО-ро муайян мекунанд.
Ҳамагӣ дар доираи созмон 10 мулоқот дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Мулоқоти якуми сарони давлатҳои аъзои ЭКО 16-17 феврали соли 1992 дар Теҳрон, дуюм 5-7 июли соли 1993 дар Истанбул, сеюм 13-15 марти соли 1995 дар Исломобод, чорум 13-14 майи соли 1996 дар Ашқобод, панҷум 10-11 майи соли 1998 дар Алмаато, шашум 20 июни соли 2000 дар Теҳрон ва нахустин мулоқоти ғайринавбатӣ дар сатҳи баланди ЭКО 14 майи соли 1997 дар Ашқобод, ҳафтум 14 октябри соли 2002 дар Истанбул, ҳаштум 14 сентябри соли 2004 дар Душанбе, нуҳум дар Боку ва даҳум дар Теҳрон баргузор гардиданд.
Дар мулоқоти ҳаштуми сарони кишварҳои ЭКО (14 сентябри соли 2004, шаҳри Душанбе) роҳбарони ҳайатҳо муҳимияти ҳамкории устувори кишварҳои аъзои ЭКО-ро дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ таъкид намуда, ҷонибдории худро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои расидан ба пешрафти иқтисодиёти минтақа ва ҳамгироии муваффақонаи низоми хоҷагидории ҷаҳон изҳор доштанд. Дар Саммити ҳаштуми ЭКО Эъломияи Душанбегии соли 2004 қабул гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ЭКО ҳамчунин 18 ҷаласа дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ гузаронида шуд. Ҷаласаи охирони Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ЭКО 9 марти соли 2009 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид.
Ҳамкории тиҷоратӣ: Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатеро пеш гирифт, ки ба таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисодӣ, таъмини ҳаматарафаи пешрафт дар сатҳи иқтисодиёти муосир ва ба қисми таркибии низоми иқтисодии ҷаҳонӣ мубаддал ёфтан равона гардидааст. Созишномаҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созмон баимзорасида ва тасдиқгардида барои рушди тиҷорат ҳамчун унсури асосии ҳамкории минтақавӣ аҳамияти муҳим доранд. ЭКОТА (Созишномаи тиҷоратии ЭКО) аз ҷониби Тоҷикистон дар Ҷаласаи дуюми вазирони тиҷоратии ЭКО, ки 15-17 июли соли 2003 дар шаҳри Исломободи Покистон баргузор гардид, ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1163 аз 23 июни соли 2004 тасдиқ гардид. ЭКОТА бояд дар муҳлатҳои ҷоиз тадриҷан бартараф намудани монеаҳои ғайритарифӣ ва инчунин зина ба зина коҳиш додани тарифҳоро таъмин намоянд.
Ҳамчунин аз Вазорати рущди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамоҳангии корҳо оид ба масоили гуногуни марбут ба ЭКОТА ҳамоҳангсоз таъйин шудааст. Тибқи бандҳои созишнома, Шӯро оид ба ҳамкорӣ барои мониторинг ва назорати ҷараёни иҷрои созишнома таъсис дода мешавад. Ҳар як давлати аъзо бояд Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ дар ҳайати вазорату ташкилотҳои дахлдореро таъсис диҳад, ки таҳти назорати намояндагони худ дар Шӯрои ҳамкорӣ фаъолият менамуд.
Созишномаи чорчӯбавӣ оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ҳамчун стратегияи босамари тавсеаи тиҷорат тавассути рушди ҳамкории минтақавии транзитию нақлиётӣ ҳисобида мешавад.
Бояд дар марҳилаи муосир ва дурнамои наздик рушди афзалиятноки он бахшҳо ва соҳаҳои иқтисодиётро, ки метавонистанд мавзӯи рушди спектри мақсадноки бахшҳои бо он алоқаманд бошанд, муайян карда, шуғли аҳолӣ ва афзоиши некӯаҳволии онро таъмин намоем. Роҳи ҷоизтари татбиқи барномаҳои пурмаҳсул ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ин минтақаҳо метавонанд омили рушд гарданд. Аксари кишварҳои ЭКО дар ин самт таҷрибаи бой доранд.
Соҳаи муҳими ҳамкории мо сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Табиати нотакрор ва иқлим, чашмаҳои шифобахш ва маҳсулотҳои босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии кӯҳӣ мусоидати фавқулода менамоянд. Норасоии асосӣ дар ин самт надоштани инфрасохтор мебошад, ки дар ин ҷода низ корҳо идома доранд. Баръало маълум аст, ки танҳо дар асоси ташкили фазои ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии зичи дохилиминтақавӣ кишварҳои минтақа метавонанд субот ва рушди устуворро таъмин намоянд. Таҳияи заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсати мутақобилаи тарифӣ ва тиҷоратӣ бисёр мубрам маҳсуб мешаванд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт: Рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тиҷоратии ҳар як минтақа асосан аз вазъи инфрасохтори нақлиётии он, ки дар таъмини ҳамгироии гуногунҷанба миёни кишварҳои минтақа нақши калидӣ мебозад, вобастагӣ дорад. Бо назардошти ин мулоҳизаҳо, дар доираи созмон Нақшаи асосии рушди бахши нақлиёт дар минтақаи ЭКО ва Эъломияи Ашқободии ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои ЭКО оид ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва алоқа ва шабакаи қубурҳои фаромиллии минтақаи ЭКО қабулгардида барои ҳамаи кишварҳои аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ба баҳр роҳ надорад, хеле мубрам ба ҳисоб мераванд.
Дар арафаи Саммити 4-уми Ашқободии ЭКО (13 майи соли 1996) ифтитоҳ гардидани роҳи оҳани фароосиёии Серахс-Теҷен-Машҳад, ки Аврупо ва Осиёро бо роҳи кӯтоҳтарин пайванд мекунад, имкониятҳои дурбинонаи созмонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври назаррас зиёд намуд. Хатсайри мазкур танҳо қисме аз шоҳроҳи роҳи оҳани фароосиёии Нақшаи асосии рушди бахши нақлиёт ба ҳисоб меравад. Роҳандозии ҳамлу нақл тавассути долонҳои нақлиётии вуҷуддошта, бартараф намудани монеаҳои ғайритарифӣ ва тадриҷан коҳиш додани тарифҳо дар муҳлатҳои мувофиқ ба рушди босамари тиҷорати нақлиётӣ дар тамоми фазои ЭКО, тавсеаи тиҷорат дар нуқтаҳои гузаргоҳии наздисарҳадӣ ва инчунин ба ҳадди ақал гардонидани хароҷот дар ҳамлу нақли молу маҳсулот имкон медиҳад.
Кишварҳои аъзо дар ташкили инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ бо баромад ба бозори берунӣ имконияти ҳамкорӣ доранд. Ин дар шароити равобити иқтисодии тақвиятёбандаи байналмилалӣ бисёр муҳим аст. Дар шароити надоштани роҳи баромади мустақими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бандарҳои баҳрӣ, таъсиси долони умумии нақлиётӣ такони ҷиддӣ дар тақвияти аҳамияти геополитикӣ ва иқтисодию тиҷоратии минтақа мегардид.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика: Соҳаи муҳимтарини ҳамкории минтақавӣ ҳалли мушкилоти истифодаи маҷмӯӣ (комплексӣ) ва самараноки захираҳои об ва энергетика ба шумор меравад. Бинобар ин, Лоиҳаи ЭКО/Бонки исломии рушд оид ба коҳиш додан ва фаъолияти мувозии низоми энергетикии минтақаи ЭКО комилан афзалиятнок мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози татбиқи тадқиқоти техникию иқтисодии он истиқбол мекунад. Ҳамзамон фаъолияти муштарак оид ба сарфаи энергия ва истифодаи сарчашмаҳои алтернавии он метавонад аҳамияти бузург дошта бошад. Дар навбати аввал ин ба энергияи офтобӣ тааллуқ дорад. Дар ин самт Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ аст, дорои иқтидори бузург мебошад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир: Дар Котиботи ЭКО мақоми ҳамоҳангсозӣ оид ба назорати маводи мухаддир таъсис дода шудааст. Дар доираи ҳамкории ЭКО бо дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамгироии ЭКО-ро бо Раёсати СММ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва назорати маводи мухаддир бояд зикр кард.
Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ: Рушди кишоварзӣ барои гузоштани саҳм дар афзоиши иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ механизми асосӣ ба ҳисоб меравад. Як зумра ҷаласаҳои вазирони кишоварзии кишварҳои аъзои ЭКО баргузор гардиданд. Ду санади муҳим – Эъломияҳои Исломобод ва Ашқобод, ки ҳамкории афзалиятнокро дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамоянд, тасдиқ гардиданд. Ҷаласаҳо вазъи бахши кишоварзии минтақаро барои муайян намудани соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карданд.
Зимни ҷаласаҳо вазирон масоили калидӣ, аз ҷумла хушксолӣ, шароити номусоиди тиҷоратӣ дар кишоварзӣ, сатҳи пасти истеҳсолот ва ғайраро муайян намуданд. Бо мақсади таъмини нақшаи фарогир ва дарозмуддат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ Котиботи ЭКО бо дастгирии техникию молиявии Ташкилоти СММ оид ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ ба омодагии Стратегияи минтақавии ЭКО доир ба рушди кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ машғул аст.
Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат: Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои ЭКО дар соҳаи саноат ҳавасманд аст. Нақшаи амали ЭКО оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат қабул гардид, ки ба ҳамгироии соҳаҳои зерин равона шудааст: беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, стандартизатсия, беҳтаргардонии сифати маҳсулот, бартарафсозии монеаҳои техникӣ, содагардонии тиҷорат, рушди бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии хурду миёна, интиқоли технологияҳо ва ғ.
Ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия: Тоҷикистон дар рушди ҳамкории телекоммуникатсионӣ бо давлатҳои аъзо ЭКО ҳавасманд мебошад. Нақшаи рушди алоқаи телекоммуникатсионӣ ва почтавӣ дар минтақа самтҳои асосии фаъолияти муштаракро оид ба таъмини алоқаи муосири коммуникатсионии минтақа муайян менамояд.
Дар доираи созмон Нақшаи рушди алоқаи телекоммуникатсионӣ ва почтавӣ дар минтақа таҳия ва тасдиқ гардид. Санади мазкур самтҳои асосии фаъолияти муштаракро оид ба таъмини алоқаи муосири телекоммуникатсионӣ, омода ва баланд бардоштани савияи мутахассисон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли дастгоҳҳои телекоммуникатсиониро муайян менамояд, ки барои ҳалли мушкилоти имрӯз дар соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон вуҷуддошта бисёр мубрам ба шумор мераванд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф: Тоҷикистон бо аксари кишварҳои аъзои ЭКО робитаи умумии фарҳангӣ ва таърихӣ дорад. Ғанӣ гардонидан ва таҳким бахшидани робитаи фарҳангӣ бо кишварҳои аъзо дар мадди назари Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои аъзои ЭКО мебошад, ки Низомномаи Институти фарҳангии ЭКО ва Фондии илмии ЭКО-ро ба тасвиб расонида, тасдиқ намудааст. Ин муассисаҳои минтақавии ЭКО барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории фарҳангӣ ва илмӣ равона шудаанд.

(Дар акс – суханронии Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
дар саммити 12-уми ЭКО дар Боку
моҳи октябри соли 2012.)

Март 1, 2017 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд