Дар Коллеҷи омӯзгории Хуҷанд озмуни «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид

Март 16, 2017 11:52

ХУҶАНД, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии баҳори нозанин бо ибтикори роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои таълимӣ озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» доир гардид

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти коллеҷи мазкур иттилоъ доданд, ҳадафи озмун тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи худшиносиву илмомӯзӣ, одоби оиладорӣ, зебоипарастиву эҳё ва гиромӣ доштани анъанаҳои куҳани аҷдодӣ мебошад.

Озмун аз рӯи 5 шарт – муаррифӣ, пешниҳоди либосҳои миллии арӯсӣ, ҳозирҷавобӣ, кадбонугӣ ва соҳибҳунарӣ гузаронида шуда, ғолибону иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардиданд.

Март 16, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»