Иди занонро аввал дар Шарқ таҷлил мекарданд ва танҳо пас аз он ба Ғарб кӯчид

Март 8, 2017 09:40

ДУШАНБЕ, 08.03.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пажӯҳишгари суннатҳои мардумӣ Гулос Мамадлоиқ  дар паи як таҳқиқот ба ин натиҷа расидааст, ки  иди занонро мардуми Машриқзамин ҳанӯз  қабл аз ислом таҷлил мекарданд. То ба ҳол нишонаҳои  он  дар баъзе аз деҳоти ноҳияҳои Бадахшон ба мушоҳида мерасад. Ҳамасола дар аввали моҳи март занону духтарон субҳи барвақт пироҳани сурху сафеди идона  ба бар карда, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва дар назди остон, ки ҷои муқаддаси деҳа ба шумор меравад, ҷамъ мешаванд. Сокинони деҳа маъмулан ин идро «Остонбаро» ном мебаранд, ки танҳо хоси занон аст. Дар баъзе аз манотиқи форснишин онро «Муждагирон» гӯянд. Мардон дар ин рӯз ба кори хона машғул мешаванд ва ба занон иҷозат медиҳанд, ки рӯзро бо шодию тараб гузаронанд.

Ин пажӯҳишгари суннатҳои расмӣ гуфт, ки чанд сол пеш дар чунин ид, ки якуми март  дар деҳаҳои Вознавду Шидзи ноҳияи Рӯшон баргузор шуд, ширкат дошт ва ягон мардро дар ҷашнгоҳ дучор наомад. Ба чанд нафар аз занон суол кард, ки ин чӣ гуна ид аст, аммо посухи дақиқ аз касе нашунид. Аксарият ҷавоб доданд, ки ин ид аз модаркалонҳо ба мо мерос мондааст ва дар он фақат занон ҳаққи ширкат доранд. Мардони деҳа дар ин ҷашн кори хонаро анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи Гулос Мамадлоиқ, зимни мутолиаи осори шоирону олимони форсу тоҷик дар дар саҳифаи 252-и китоби «Осор- ул- боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, ки нашриёти «Ирфон» соли 1990 онро ба нашр расондааст, бо чунин сатрҳо дучор омадааст: «Исфандармузмоҳ рӯзи панҷуми он «Исфандармуз» аст ва барои иттифоқи ду ном онро чунин номидаанд. Ва маънои он ақлу ҳилм аст. Ва Исфандармуз фариштаи  ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз ( мутобиқ ба тақвими ҳозира ба 28 феврал рост меояд) иди занон будааст. Ва дар ин ид мардон ба занон бахшиш (тӯҳфа) менамуданд».

Абурайҳони  Берунӣ дар асрҳои даҳуму ёздаҳум дар асари худ аз ин ид ёдоварӣ кардааст, аммо аслан санаи таҷлили он  ба давраи ҳукмронии  шоҳ Ҷамшед  рост меояд.Зеро мардум дар рӯзи ид ба номи Ҷаму Фаридун қасам ёд мекарданд. Дар ин бора олим дар асари худ чунин ишора кардааст, ки  «Ба номи яздону ба номи Ҷаму Фаридун. Ба номи Одаму Ҳаво.Барои ман худои яккаву ягона кифоя аст». Аз ин сатрҳо бармеояд, ки иди занон таърихи тӯлонитар дорад ва ватани он Хуросонзамин аст.

Дар мамолики Амрикову Аврупо бори аввал   ин санаро дар асри нуздаҳ ҷашн гирифтанд ва он ҳам дар аввали моҳи март. Аниқтараш 8 марти соли 1908 созмони занон бо ҷалби 15 ҳазор ҳамҷинсони худ  ба мақсади баробарҳуқуқии занону мардон, баланд бардоштани маош ва кам кардани рӯзи корӣ гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Ва танҳо дар соли 1975  бо қарори Созмони Милали Муттаҳид  ин ид байналмилалӣ эълон шуд.  Ин маъхазҳои таърихӣ моро  водор мекунанд, донем, ки занони Хуросонзамин аз азал муштипару ранҷбару ранҷдида ва  беҳуқуқ набудаанд, ончунон ки дар асарҳои олимони замони шӯравӣ қаламдод шудааст. Ин ҳама ранҷу ҷафо ва сиёҳпӯшиву пинҳон кардани чеҳраи занон пас аз истилои арабҳо пайдо шуд ва хушбахтона, баъди гузашти чанд аср дуюмбора ба асли хеш баргашт.

Гулос Мамадлоиқ тамоми занони кишварро бо ин ҷашн табрик карда, орзу намуд, ки ҳамеша сафедпӯшу чеҳракушод бошанд ва ҳам дар ҷомеа ва дар ҳам дар оила аз мақоми баланд бархурдор бошанд.

 

                                                                          Файз МИРҲАСАН

Март 8, 2017 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Картошкаи водии Рашт бо лаззату хуштаъм буда, ҳамто надорад