КАМОЛ НАСРУЛЛО: «ШАБ ХАЁЛИ ТУ ЧАРОҒИ РӮИ МИЗАМ, МОДАРАМ…»

Март 7, 2017 10:21

ДУШАНБЕ, 07.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Модар вожаест бо як ҷаҳон  маънӣ ва вақте онро ба забон ва ба ёд меорем,   пеши  назар на танҳо симои зане, ки моро зодааст, балки оламе аз меҳру муҳаббат ба ҷилва меояд. Модар сарчашмаи  ҳама гуна меҳру шафқат ва некию накӯкорист  ва муҳаббати ӯ ба фарзанд фаротар аз ҳама муҳаббатҳо ва меҳри беназираш болотар аз ҳама меҳрҳост. Модар бузургтарин унвон дар рӯи Замин аст!  Модар мадраса ва мактабест, ки ояндасозони Ватану миллатро тарбият мекунад.

Паёмбари Худо (с) каромату бузургии модарро дар аҳодиси зиёде ёд карда, таъкид намудааст: «Биҳишт дар зери қудуми модарон аст».

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Адибони ҳамаи кишварҳои олам дар бораи Модар шеъру достонҳо ва қиссаю ривоятҳо навиштаанд ва имрӯз низ менависанд. Зеро ҳар қадар дар олам васфи Мадарро карда бошанд ҳам боз ҳам кам аст,зеро:

Якшаба он ранҷ, ки Модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид…

Дар ин рӯзи саид мо чанд намунаеро аз силсилаи шеърҳои «Модарнома»-и Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло пешкаши хонандагони худ месозем.

 

 

Рӯи нони модар  

Камол НасруллоБубинам рӯйи сурхи одамонро

Ман аз сурхии рӯйи нони гандум,

Кунам эҳсос ман гармии ҷонро

Зи гармиҳои буи нони гандум.

 

Бипурсандам агар: Рӯи Ватан чист?

Бигӯям: Рӯи нони модари ман!

Бипурсандам агар: Бӯи Ватан чист?

Бигӯям: Бӯи нони модари ман!

 

***

Аллаҳои модарам

Ёдам омад аллаҳои модарам,

Раҳнамунам шуд дуои модарам,

Меравам умре ба роҳи ростӣ,

Чун равонам бо дуои модарам.

 

Бо дуои неку бо шири сафед,

Бо ду чашми шӯълаафшон аз умед,

Ҳамчу миное ба баҳри зиндагӣ

То равонам, раҳнамоӣ, модарам.

 

Ҳар куҷое модаре бинам агар,

Хоки пояшро кунам болои сар.

 

Ҳаст дар ҳар модари бегонае

Як нишоне аз сафои модарам.

 

Модаронро нест уммеди дигар,

Ҷуз амонии тамоми баҳру бар.

Ҷангро ҳоҳам кушам чун аждаре,

Афканам дар пеши пойи модарам.

 

Ин замин, модар чу як гаҳвораест,

Бе ту инсон кӯдаки бечораест,

Дарди ӯро бо суруду шири пок

Ту давоӣ, ту давоӣ, модарам!

 

Боядо бошад суруди модарон

Худ суруди миллии рӯи ҷаҳон!

Кӯдаки ман, бо ту тақдим оварам

Безаволиро барои модарам!

***

 

Сар бар сари гаҳвора

Модар, чӣ ҳавасҳоест

Дар ёди ту ин шабҳо?

Сар бар сари гаҳвора,

Чун сар ба сари дунё.

 

Як даст ба дӯши тифл,

Як даст ба гаҳвора,

Дар дасти ҳам дунёст,

Ҳам қисмати сайёра.

 

Оҳанги ҳаросе ҳаст

Дар нолаи шабҳоят.

Эй кош ҷаҳон ҳамдил

Бошад ба таманноят.

 

Он гаҳ, ки дар оғӯшат

Ин тифли ҷигарбанд аст.

Найрангу ҳасуду макр,

Дар пеши ту побанд аст.

 

Дар даст кӣ бардорад

Монанди ту фардоро?

Дар даст кӣ битвонад

Дорад чу ту дунёро?

 

Модар, сари гаҳвора

Чун дар  сари дунёӣ!

Андар сари ин минбар,

Ту аз ҳама болоӣ!

***

Суруди модар

Модару ҷарзанд як ҷисманду ҷон

Он яке ҷӯ, он яке оби равон,

Ман, ки аз ту хештанро бурдаам,

Бурдаам гӯё, ки аз ту ними ҷон.

 

Эй тасаллобахши чашмони тарам,

Модарам, эй модарам, эй модарам!

 

Аввалин инъоми ин дунё ба ман

Хандаи чашмони хандони ту буд,

Гармие,ки монд умре дар дилам,

Гармии дастони печони ту буд.

 

Нури чашмат нури чашмони сарам,

Модарам, эй модарам, эй модарам!

 

Субҳи пирӣ дар шаби мӯят дамид,

Кай ба пирӣ омадӣ, кай, бехабар?

Он ҷавоние,ки бахшидӣ ба ман,

Ман ба фарзандон намудам болу пар.

 

Эй дуои неки ту болу парам,

Модарам, эй модарам, эй модарам!

 

Ин дуои туст, к-аз дурии дур

Ҳар шабу рӯзе нигаҳбони  ман аст,

Эй хаёли ту балогардони ман,

Эй нигоҳат марҳами ҷони ман аст!

 

Эй шукуҳи хонаву файзи дарам,

Модарам, эй модарам, эй модарам!

 

Эй дари ту қиблаи мушкилкушо,

Аз ҳама сӯ саҷда меорам туро.

Покрӯям ҳар куҷое по ниҳам,

Чунки ҳастӣ дар дилу дар дида ҷо.

 

Нест дар дунё умеди дигарам,

Модарам,эй модарам, эй модарам!

 

***

 Дур аз модар

Аз ҳама ғам то ту мехоҳам гурезам, модарам,

Дар бари домони ту хобам, нахезам, модарам.

 

Ҷумла тан чашме шавам, як чашми саршори сиришк,

Қатра-қатра пеши пои ту бирезам, модарам.

 

Дурам аз даргоҳи ту, ман дарди ту ман оҳи ту,

Нестам ассои пирият, чӣ чизам, модарам?

 

Вой бар ман, вой бар ман, хок резад бар сарам,

Бар сарат гар ганҷи умрамро нарезам, модарам.

 

Аз дари ту медамад ҳар субҳидам хуршеди ман,

Шаб хаёли ту чароғи рӯи мизам , модарам.

 

Мурғи бахтам мепарад аз шохаи лабҳои ту,

Эй дуои неки ту умре ҳафизам, модарам.

 

Кош будам ҳамбаҳои як суруди аллаат,

Эй дилат гаҳвораи поки тамизам, модарам.

 

Зиндагӣ чун кӯдаке ором гирад як нафас,

Аз суруди ҷонфазои ту, азизам, модарам.

***

 

 Чароғи дуо

Як  дуои модар эмин дорад аз садҳо хатар,

Бигзаронад аз миёни сад балоят безарар.

Як дуо модар аз сад ганҷи Қорун беҳтар аст,

Як дуои ӯ чу тӯморест бар садҳо зафар.

 

Дар шаби торат дуои ӯ чароғи рӯшан аст,

Дар дили зиндон дуои ӯ бароят равзан аст.

Дорад эмин аз ҳазорон захми теғу тири наҳс,

Дар тани покат дуои неки модар ҷавшан аст.

 

Муттакои рӯзгори ман дуои модар аст,

Сирри бахти ман, барори ман дуои модар аст.

Ҳамду бисмиллоҳи ман, мушкилкушои роҳи ман,

Зӯри дил файзи канори ман дуои модар аст.

 

Бигзаронад зинда аз сад маргу туфони бало,

Берун орад аз дили чоҳу зи коми аждаҳо,

Он қадар нолад, ки то даргоҳи Ҳақ раҳ во кунад,

То бирезад бар сари ту лутфу эҳсони Худо.

 

Модари ман — меҳани ман, қалъаи виҷдони ман!

Аз ҳама он дури дуриҳо балогардони ман!

Бо дуои ту дар ин дунё шафоат ёфтам,

Ҳам дар он дунё дуоят бод пуштибони ман!

 

***

Дуои модар

Дуои ту, модар, тилисми ҳаёт аст,

Дуои ту, модар умеди наҷот аст.

 

Зи чанги гуноҳам раҳо кун, раҳо кун,

Барои мани худ дуо кун, дуо кун.

 

Чу мӯйи сафедат дили ту  сафед аст,

Дуои ту модар калиди умед аст.

 

Дуои ту дорад шукӯҳи Худованд,

Зи дӯши ту борад футӯҳи Худованд.

 

Биёмурз, модар, зи ғамҳо раҳо бахш!

Ба нури дуоят ба ҷонам сафо бахш!

 

Чароғи дуои ту дар ҷони ман бод!

Шукӯҳи нигоҳат нигаҳбони  ман бод!

 

Дуоят нигаҳ дошт, дуоят бипарвард,

Дуоят шифоям намуд аз ҳама дард.

 

Дуои ту, модар, тилисми ҳаётам,

Сафоям, бақоям, нишотам, наҷотам!

***

 

 Дубайтӣ ва қитъаҳо

 

Ҳама умр

Умеду эътиқоду бовари ман,

Шукӯҳу нусрату файзи дари ман,

На як рӯзу на як моҳу на як сол,

Ҳама умрам фидои модари ман.

 

Болотар аз боло

Маро бахти маро маъвост модар,

Шукӯҳу файзи ин дунёст модар,

Агачи осмон хеле  баланд аст,

Вале болотар аз болост модар.

 

 Ту  рафтӣ

Ту рафтӣ? Не! Ту мондӣ, модари ман!

Ҳамеша дар дили ман, дар  сари ман.

Фақат ёдат маро пирӯз дорад,

Фақат ёди ту бошад бовари ман.

 

 Ҷаҳон дар зери бол

Шукӯҳу бахту бовар доштам ман,

Ба кохи бахт минбар доштам ман.

Ҷаҳон дар зери болам буд, зеро,

Ки боли меҳри модар доштам ман.

 

 Ягона

Модар, модар, ягонаӣ, баъди Худо!

Танҳо туӣ, одамофарини якто!

Модар, модар, баҳри наҷоти олам

Хуршедсифат бихез бо дасти дуо!

 

 Зимоми олам

Модар, модар, саломи оламро гир!

Аз дасти бадон зимоми  оламро гир!

Бо меҳру муҳаббату сафои азалӣ,

Бо як нигаҳат тамоми оламро гир!

 

Мардона

Аз оташу хуни асрҳо бигзаштӣ

Аз бахти забуни асрҳо бигзаштӣ,

Аз ҷодаи маргу аз ҷафо, эй модар,

Мардона ба каф қисмати мо бигзагтӣ!

 

***

 Модари тоҷик

Модари тоҷик, чӣ ранҷу дардҳое дидаӣ!

Бо ҳама мардонагӣ номардҳое дидаӣ!

 

Сӯхт хоки меҳанат сад бору армонат насӯхт,

Сӯхт ҷонат, сӯхт ҷонат, сӯхт, имонат насӯст!

 

Хуни тифлони туро дар пеши чашмат рехтанд,

Хоки бунёди туро дар лобалоят бехтанд.

 

Бо ҳама ин ҷабрҳо покиза домони ту монд,

Решаҳои миллат андар решаи ҷони ту монд.

 

Эй зани тоҷик , зани фарзонаи давру замон,

Модари мо, хоҳари мо, эй атои осмон!

 

Бо шуҷоат, бо шаҳомат, бо шукӯҳи беназир,

Доштӣ фардои миллатро чу ҷон андар замир.

 

Некмардони ту бар олам фазилат бурдаанд,

Панду андарзу дуову илму ҳикмат бурдаанд.

 

Модари аллома Синоиву моми Рӯдакӣ,

Модари Хайёму Саъдӣ, ҷумла мардони закӣ.

 

Аз ту руста Шераку Деваштичу Испитамон,

Аз ту руста родмардиву футувват дар ҷаҳон.

 

Бо ту садҳо суннати неки ниёкон зинда монд,

Тоҷикистон, бо ту модар, Тоҷикистон зинда монд!

 

Боз, модар, дасти эҳсону сафо бикшодаӣ,

Баҳри эҳёи Ватан озода мардон додаӣ.

 

Аз сафои меҳри покат ҷони мо рӯшан бувад,

Ҷойгоҳат, модаро, тоҷи сари меҳан бувад!

Март 7, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» дарси маҳорат бо услуби «устод – шогирд» доир шуд
150 номгӯй китоби бадеӣ, илмӣ ва таърихии нашриёти Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» пешниҳод гардид
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барнома доир мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъати тоза пайдо намудааст
РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Ба ифтихори ин шоҳасари мусиқӣ консерти бошукуҳ баргузор мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
«ДУРНАМОИ РУШДИ МУСИҚИИ СУННАТИИ ХАЛҚҲОИ ШАРҚИ НАЗДИК ВА МИЁНА ДАР ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ». Таҳти чунин унвон фестивал-симпозиум доир гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб доир ба пос доштани либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Саразм бостоншиносони тоҷик ва фаронсавӣ интизори кашфиёти нав ҳастанд
Дар Душанбе Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор мегардад