Манзура Қармишева: «Новобаста аз таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ Тоҷикистон дар ҳолати рушд қарор дорад»

Март 6, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 06.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Зимни пешниҳоди Паём Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум сар карда, мо ба марҳалаи рушд ворид шудем ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем.
Дар мавриди пешрафти босуботи иқтисодиёт коршиноси масоили иқтисодӣ Манзура Қармишева иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии давлатамон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол то сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000 ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. «Ҷиҳати боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳбудии вазъи иқтисодии кишвар ҳаҷми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои даромад ба маблағи беш аз 19 миллиард (19 млрд. 568 млн) сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 ба андозаи беш аз 1 миллиард (1 млрд. 712 млн.) сомонӣ зиёд аст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо буҷети соли 2000-ум, ки 252 миллион сомониро ташкил медод, беш аз 50 маротиба афзоиш ёфтааст»,-баён дошт коршинос.
Бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ низоми андозбандӣ ба рафъи монеаҳои маъмурӣ, таъмини шаффофияти андозбандӣ, оммафаҳм ва сода намудани тартиби пардохти андозҳо, баҳисобгирии пурраи манбаъҳои андозбандӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва дар ин замина зиёд намудани даромади буҷет равона гардидааст.
«Дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,0 фоиз, меъёри таваррум 7,0 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 9,16 сомонӣ муайян карда шудааст. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба маблағи беш аз 19 млрд. (19 млрд. 568 млн.) сомонӣ ё 33,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба буҷети аниқшудаи соли 2016 ба андозаи 9,6 фоиз ё беш аз 1 млрд. (1 млрд. 712 млн) сомонӣ зиёд мебошад. Дар буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ афзалият дода шуда, ҳаҷми умумии хароҷоти он дар соли 2017 ба беш аз 9 млрд. ( 9 млрд. 093 млн) сомонӣ баробар буда, афзоиши он нисбат ба буҷети соли 2016-ум беш аз 900 млн. сомонӣ (11,8 фоиз), яъне 45,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Дар соли 2017 касри буҷети ҷорӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз ё беш аз 294 млн. (294 млн. 500 ҳаз) сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. Манбаъҳои пӯшонидани он аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ, даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби фоизи депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, қарзҳо (грантҳо) аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар назар дошта шудааст»,-илова намуд Манзура Қармишева.
Ҳамин тариқ, таҳлилҳои ҳамаҷонибаи буҷети давлатӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки новобаста аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон, иқтисоди кишварамон дар ҳолати рушд карор дорад ва ҳар яки моро зарур аст кӯшиш ба харҷ диҳем, то нишондиҳандаҳои буҷети соли 2017 босифат ва барзиёд иҷро гарданду рушди иқтисодиёти кишвар ва маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ таъмин гардад.

Март 6, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад