Муҳокимаи «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда» дар шаҳри Ню-Йорк

Март 23, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 23.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сироҷидин Аслов Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии махсус  таҳти унвони «Фаъолияти афзалиятнок оид ба захираҳои об ва офатҳои табиӣ дар даҳсолаи оянда», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Мутаҳид  дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд.   Дар ин бора аз ВКХ ҶТ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки боиси зарар дидани аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар мегарданд, таъкид намуд. Инчунин аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар гардид.

Ҳамчунин С. Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табиии  вобаста ба об кӯмак хоҳад кард, зикр намуд манбаъ.

Март 23, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Бангкок иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Дар Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд