Наврӯзии вилояти Суғд дар боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Б. Ғафуров доир мегардад

Март 17, 2017 16:46

ХУҶАНД, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои шимоли мамлакат баҳри дар сатҳи хуби ташкили  ва ифтихор аз мероси ниёгон таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалии хуҷастапай омодагиҳо ҷараён доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 21 ва 22 март дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои идонаи наврӯзӣ гузаронида мешаванд.

Ҳамчунин соли равон барномаи калони фарҳангии Наврӯзи вилоятӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бевосита Пешвои миллат, Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон дар охири даҳаи сеюми моҳи март дар боғи миллии «Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» хабар дод, мутобиқ ба иттилои  Раёсати фарҳанги вилояти Суғд имрӯзҳо омодагӣ ба таҷлили Наврӯзи хуҷастапай дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, баҳри баргузории ин чорабинии бошукӯҳ беш аз 10 ҳазор нафар иштирокчиён, намояндагони ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳамчунин донишҷӯёни макотиби олӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин рӯз ҳар як шаҳру ноҳия дастовардҳои худро ба намоиш гузошта, бо намоиши хаймаҳои милливу растаҳои ҳунармандон ва бахши театрикунонидашуда барномаҳои фарҳангии худро  манзури иштирокдорон мегардонанд.

 

Март 17, 2017 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид