Пешвои миллат оид ба нақши барномаи «Хоки Ватан» дар раванди сулҳи тоҷикон: имрӯз ба таъсиси ин барномаи машҳури радиоӣ 24 сол пур шуд!

Март 29, 2017 18:40
Хоки Ватан-4

ДУШАНБЕ, 29.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи радиои Тоҷикистон барномаи «Хоки Ватан» ҷойгоҳи хос дорад. Зеро дар баробари тарғиби сиёсати ҳукумат он тавонист фирориёни иҷбориро ба Ватан бозгардонида, дар таҳкими сулҳу созгории миллӣ саҳми фаъол гузорад. Аз ҷониби дигар, дар шароити ташаннуҷзои низои дохилӣ он пуле буд байни ҳукумат, фирориён, мухолифини вақт ва мардуми диёр. Бо гузашти вақт дар байни пажӯҳишгарон суоле ба миён меояд, ки омилҳои маҳбубият пайдо намудани барнома дар чист? Иддае ҳайати эҷодӣ, гурӯҳе вазъи замон ва баъзеҳо минбари бетараф будани барномаро сабаби маъруф шудани он медонанд. Аммо мо бар ин назарем, ки ин омилҳо дар ҳамбастагӣ барномаи «Хоки Ватан»-ро маҳбуб гардонида, ба он рисолати таърихӣ бахшиданд. Барнома таъйинотӣ ва бозгардонидани фирориёни иҷборӣ мақсади асосии он буд. Барномаи  аввал бо номи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» субҳи рӯзи душанбе- 29 марти соли 1993 пахш гардид ва дар сенария муроҷиатномаи Раиси вақти Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов  ба ҳамватанони хориҷӣ, суханронии Вазири вақти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ва мусоҳиба бо се гуреза аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷой дода шуд. Вале дар шумораи  дуюм, ки рӯзи чоршанбе- 31 март садо дод, номи барнома тағйир ёфт ва  шакли дурусташ «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» гузошта шуд. Баъди садо додани ду барномаи нахуст, дар ҷаласаи умумии ҳафтаинаи кормандони радио мӯҳтавои  барнома ва номи он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки унвони барнома бояд кӯтоҳ гардад.  Ҳамин тариқ,  аз барномаи сеюм он  «Хоки Ватан» ном гирифт, ки рӯзи чоршанбе- 7 апрел садо дод. Ду барномаи аввалро Бобо Бекмуродов ва барномаи сеюмро Солеҳ Юсуф  таҳия карданд, ки бо мисраъҳои:

Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест,
Гар зиндагист, дида ба дидор мерасад,

ба анҷом мерасид. Коргардонҳои барномаи нахуст Хайрулло Иброҳимов, Ҳалима Насибулина, садобардорон Маърифат Холиқова ва Мукаррама Мансурова буданд. Сароҳанги  барнома аз омезиши оҳангҳои Муборакшо Ҷумъаев ва Саидқул Билолов бо ҳамҷӯрии садои наттоқони соҳибтаҷриба Хайруллоҳи Иброҳим ва Абдурашид Хӯҷамқулов  ба вуҷуд омадааст.  Тавре  муҳаррири барнома Солеҳ Юсуф менависад, «аз моҳҳои май – июн номи барнома ба ҷои «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар» ба шакли «Хоки Ватан» ихтисор шуд. Кулоҳи барнома то ин дам бо овози Хайрулло Иброҳимов садо медод, баъди кӯтоҳ кардан онро мудири шуъбаи гӯяндагони радио, гӯяндаи боҳунар Абдурашид Хӯҷамқулов хонд» ( Юсуф С. «Хоки Ватан» — барномаи умедворон//Ҷумҳурият.1994, 9.07). Ҳамин тавр, аз моҳи май то барномаи охир сароҳанг ва анҷоми барнома бо садои А.Хӯҷамқулов пахш мешуд. Аммо зимни тадқиқ маълум гардид, ки на аз моҳи май, балки аз таърихи 7 апрели соли 1993 барнома бо номи «Хоки Ватан» пахш шудааст.

Хоки ВатанДарвоқеъ, аввалин ҷидду ҷаҳди воқеии роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон барои ба Ватан бозгардонидани фирориён, барқарории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ маҳз аз ҳамин барнома ибтидо гирифта буд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши барномаи «Хоки Ватан»-ро дар ҳамоиши миллӣ ва баргардонидани фирориён, таҳкими сулҳу субот ва худогоҳии миллӣ дар арафаи ҷашнҳои умумимиллӣ борҳо зикр намуда, ба нақши он дар як давраи муайяни таърихӣ баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, зимни таҷлили 20 — умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нақши таърихии ин барнома зикр гардид: «Баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини онҳо бо маводи ғизоӣ ва ҷои кор, барқарор намудани манзилҳои харобгашта яке аз ҳассостарин  лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи накӯтарин аъмоле мебошанд, ки дар таърихи муосири халқи тоҷик бо чунин натиҷаи нек анҷом ёфт. Дар ин ҷо хизмати бузурги комиссияи ҳукуматӣ оид ба баргардонидани гурезаҳо калон аст ва ман бояд рӯирост иқрор шавам, ки барномаи «Хоки Ватан» нақши калон ва хизмати бузург кард. Ман миннатдории худро баён мекунам ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи ин барнома хизмат карданд».

Оид ба паҳлӯҳои гуногуни барнома метавон садҳо асару рисола навишт. Дар мақолаи зер инъикоси рӯзгори фирориён тавассути образҳои рамзӣ дар барномаи «Хоки Ватан» илман пажӯҳиш гардидааст.

Дар баъзе рубоиву дубайтиҳои фирориён, ки ба унвони барномаи «Хоки Ватан» расидаанд, ба хотири ифодаи маъноҳои пӯшида рамзҳо истифода шудаанд. Рамз як намуди маҷоз мебошад, ки ҳодисаҳои ҳаётиро тавассути образи мушаххас рамзомез тасвир менамояд. Он суханро таъсирнок ва эҳсосро қавӣ мекунад. Дар рубоиву дубайтиҳои дорои мазмуни ғарибӣ бештар рамзҳои дарё, дашти дароз, ба дарё рафтани чизе, кӯҳи баланд, сари чашма, гул, лола ва ғ. истифода шудаанд. Чунончи,

Ин дашти дароз гул ҷудо, лола ҷудо,
Дар Кампи Сахӣ шудум аз хоҳар ҷудо.
Кафтар бишавум, пар бизанум тори ҳаво,
Хабар бигирум аз хоҳари зиндаҷудо.

Дар ин рубоӣ ибора ва вожаҳои «дашти дароз», «гул», «лола», «кафтар» маънои рамзӣ гирифтаанд. Рамзро муаллифи китоби «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ» Раҷаб Амонов чунин тавзеҳ медиҳад: «Рамз, образ, санъати тасвир аст, вале он аз дигар намудҳои образ аз он ҷиҳат фарқ дорад, ки шабоҳати хусусиятҳои предметҳоро дар маркази диққат қарор надода, ба мавҷудияти як навъ маъное далолат мекунад, ки дар замири манзури образи предметӣ ниҳон аст ва вусъату амиқии образро пойдор мегардонад». Аммо дар «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ»  рамз сухани пӯшидамаъно, аломати шартии предмет, ҳарфе, сухане, ки ин ё он ҳодисаро аз нуқтаи назари муайян шартан ифода мекунад, маънидод гардидааст. Аз ин бармеояд, ки рамз сухани пӯшидамаъно буда, на хусусияиҳои предмет, балки маъноеро дар худ ғунҷонидааст, ки дар мағзи образи ашёҳо пинҳон буда, барои ифодаи матлабу мақсад, ки дар муҳиту ҷомеа имкони ифшои онҳо мавҷуд нест, хизмат мекунад. Масалан, дар рубоии зикршуда дашти дароз — мавзеи аз ҳарорати баланди офтоб сӯхта- дурӣ аз Ватан, гулу лола ба маънои  ду хоҳари аз ҳам ҷудогардида, кафтар рамзи ғариб ва аз пайванди худ ҷудо афтодан аст. Яъне, нигоранда мегӯяд, ки  дар ин дашти дароз — дур аз Ватан ду хоҳар аз ҳам ҷудо, амсоли кафтари аз села ҷудо ҳастем ва орзу намудааст, ки монанди кафтар пару бол бароварда, сӯи пайвандони худ парвоз кунад. Воқеан, азоби ишқу фироқ ба воситаи мафҳумҳои аз ҷуфти худ ҷудо шудани кабк ва ё кабутар, аз гул дур афтодани булбул, шохчаи аз дарахт буридашуда, моҳии аз об берунафтода, тирамоҳ ва рехтани барги дарахт, хушк шудани ҷӯй ё дарё, дарахти беҳосил, дарёи васеъ, кӯҳи баланд, девор, қабристон, мор, шохи баланди чанор истифода мешаванд. Дар дубайтии дигар «кӯҳи баланд» ба маънои ҷои дастнорас- рамзи фироқ, «дурахшидани лола» далолат ба саломатии дӯстонро дорад. Яъне, маҳз ҳамин кӯҳи баланд- фироқ сабаби ҷудоӣ аз дӯстон гардидааст, ки ҳар лаҳза ба ёди висоли онҳо дили шахси бағурбатафтода гум мезанад:

Сари кӯҳи баланд лола дурахшон,
Дилам гум мезана бар ёди дӯстон.
Дилам гум мезана, тоқат надора,
Худоҷон кай бубинам рӯи дӯстон.

Дар як қатор рубоиҳо образи ба дарё рафтани ашёҳои қиматбаҳо- дастпона, ангуштарӣ, гӯшвор ва ғ. ба мушоҳида мерасад, ки ифодагари рамзи ҷудоӣ, дур афтодан аз ёр, аз шахси дӯстдор аст:

Даспонаи дасти ман ба дарё рафтас,
Ширин духтарум ғарибӣ танҳо рафтас.
Мардум меган: духтарут танҳо рафтас,
Тайи фаранҷӣ Афғон тамошо рафтас.

Каҳдуд, боди сахт, жола, абр, борон, сардӣ ва ғ. — ро образҳои ғаму андӯҳ, фироқ ифода мекунанд. Хулоса баровардан мумкин аст, ки «унсурҳои табиат маънои рамзӣ дошта, барои акс намудани ҳолати инсон хизмат кардаанд». Чунончи:

Ай хуна бурумадум дона- дона,
Каҳдуд шудум дар даруни хона.
Ку дӯсти азиз, дари мана ҳуй мона,
Каҳдуд бароя ай даруни хона.

Хоки Ватан-2Мисраи «Каҳдуд шудум дар даруни хона» дар рубоӣ мавқеи асосӣ дорад. «Кадҳуд» рамзи ғаму андӯҳ, хона — ҷудоӣ аз дӯстон аст, яъне гӯянда аз фироқ ва ғаму андӯҳ ба ҷон омада, хостори дидори дӯст аст ва танҳо суҳбати дӯст марҳами дили ғамзадаи ӯ хоҳад буд. Танҳо бо ҳамин роҳ каҳдуд аз даруни хона мебарояд. Хонаи дуюм рамзи дили ҳассос аст ва мисраи «Каҳдуд бароя ай даруни хона» рафъ шудани ғаму андӯҳи дили афгор мебошад. Дар ин ҷо рамзи каҳдуд ба маънои асосии вожаи мазкур – коҳе, ки оташ гирифта, аланга намезанад, балки дарун ба дарун сӯхта дуд мекунад ва ин дуд кушанда аст, як навъ қаробат пайдо кардааст. Зеро ғаму ғусса ҳам амсоли каҳдуд инсонро бемадор намуда, тадриҷан ба ҳалокат мерасонанд. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи рамзҳо дар заминаи воқеии ҳодисаҳои ҳаётӣ ба амал меоянд ва ҳеҷ чиз тасодуфӣ нест.

Дар рубоии «Кафтараки сафедаки гардан гули хор»  кафтар рамзи шахси ғарибест, ки дар танаш «хор», яъне захм дорад ва «борон» рамзи андӯҳ аст. Аз ҷониби дигар, тавре дар «Фарҳанги Доро» омадааст, «паррандаи ромшаванда аст, аз ин рӯ, чун номабару номарасон ё қосид мавриди истифода қарор мегирад». Мутобиқи пажӯҳиши фолклоршиноси тоҷик Раҷаб Амонов «хор» одатан вазъи шахсеро ифода мекунад, ки ҳоли вазнину ногуворе дорад. Маънои рубоӣ он аст, ки мо, ғарибафтодагони пураламем ва шабу рӯз ба ёди меҳан дидаи тар дорем, эй қосид ё номабар, аз мо ба пайвандон паём бубар ва бигӯ, ки имсол тавони ба Ватан бозгаштанро надорем:

Кафтари сафедаки гардан гули хор,
Шаб қатраи боронем, рӯз абри баҳор.
Мо қуввати омадан надорем имсол,
Ай мо хати ғарибӣ, саломи бисёр.

Дар бахше аз рубоиҳо «зоғи сиёҳ» чун рамзи паррандаи шумхабар ифода шудааст. Зеро тоҷикон садои зоғро фоли нек намешуморанд. Он аз бадбахтиву мусибат хабар медиҳад. Шахсе, ки дар ғурбат аст, ба ғаму ғусса ва бадбахтиву мусибат мубтало мегардад. Ҳамин ҳолатро на кабӯтар, на гунҷишк, на паррандаи дигар, балки фақат зоғи сиёҳ расонида метавонад. Аз ин рӯ, ба зоғи сиёҳ  муроҷиат мешавад, то аз мусибати ӯ ба пайвандонаш хабар расонад. Маълум мегардад, ки дар интихоби образ хусусият, моҳият, ҳаракату рафтор ва хулқу атвори рамзшаванда ба инобат гирифта мешавад:

Эй зоғи сиё, куҷо мерай гушот кар?!
Хабари маро ба пеши очам бубар!
Аввал рафтӣ гиряву зорима бигу,
Бовар, ки накард, доғи ҷудоима бигу.

Рамзҳои пайиҳам дарки маъноро душвор ва рубоиро ба муаммо монанд мекунанд, ки дарёфтани маънии он хонандаро ба андешаву ҷустуҷӯ водор менамояд. Тавре дар номаи истиқоматкунандаи деҳаи Чӯянчии ноҳияи Шаҳритус Зулайхо Ватанова омадааст:

Булбул ба ҳаво нолакунон омад маст,
Хамбид ба сари шохи гули зард нишаст.
Тӯтӣ ба забони шаккаринаш бигуфт:
Ин доғи ҷудоӣ ба сари одам ҳаст.

Бе донистани маънои рамзии вожаҳои «булбул», «маст», «гули зард», «тӯтӣ» дарки маънои рубоии мазкур имкон надорад. Ба қавли муҳаққиқони соҳаи фолклор, «булбул дар адабиёти хаттӣ рамзи ошиқе мебошад, ки бо орзуи расидан ба гул умр ба сар мебарад. Вале он дар назми халқӣ инчунин образи шахси ғарибест, ки аз зодгоҳи азизи худ, чамани шукуфони худ дур афтода, азоб мекашад». «Маст»- изтиробу ҳаяҷон аст аз ғаму андӯҳ ва азоби рӯҳӣ, «гули зард» образи ифодакунандаи номуродӣ ва «тӯтӣ» ҳамчун образи ғариби дар қафас афтода омадааст, ки ҳарферо борҳо такрор мекунад, яъне ёди Ватанро такрор ба такрор ба хотири ғариб мерасонад. Шахси аз Ватан дур мубталои азобу гирифтори номуродӣ аст ва бо суханони таскиндиҳандаи ширин ғубори дилашро мебарорад. Гуфта метавон, ки он чизҳое мафҳуми рамзӣ гирифтаанд, ки хусусият ва ҷиҳатҳои рамзшавиро  дар дарунмояи худ ғунҷонидаанд. Барои мисол, дар номаи сокини ноҳияи Бохтар, хоҷагии ба номи Ленин, участкаи Якуми Май Хосиятмоҳ Шарипова чунин ҳолатро ба таври равшан мушоҳида менамоем:

Шамшод шавум сари туро шона кунум,
Булбул шавум, ғами туро нола кунум.
Бо дарду ғами умрони носудаи ту,
Эй Худои ҷун гӯяму дил пора кунум.

Хоки Ватан-5 Дар навбати аввал, гӯё шамшод ба сар ва шона, булбул ба ғам ва нола  иртиботи мантиқӣ надоранд. Аммо чун рамзҳо кушода мегарданд, робитаи мантиқии калимаву ибораҳо рубоиро соҳиби маънои том менамоянд. «Шамшод» дарахти рости баландболо аст, ки дар адабиёти классикӣ аксаран қомати ёрро ба он монанд мекунанд. Аммо рамзи «шамшод» дар назми шифоҳӣ ба хусусиятҳои табиии он марбут аст. Дарахтест, ки ба рӯзгори мо қаробат дорад, аз дарахтони дигар бо баландӣ ва ростқоматӣ тафовут дорад. Аз чӯби он ҳар гуна ашёҳо, аз ҷумла шона месозанд. Аз як тараф, шамшод ҷавони қоматбаланди пурғайратест, ки аз баландӣ ёри дурафтодаи худро мебинад ва бо вазидани боди пурнакҳат мӯйҳои ёрро ба навозиш меорад, аз ҷониби дигар, шонаи шамшодӣ задан ба зулфи ёр барои ҷавони дӯстдор орзу аст ва барои дастёбӣ ба ин амал ҷавон орзу дорад, ки кош шамшод бошад. Булбул аз ҷудоӣ, танҳоӣ ва баҳри расидан ба висол менолад, амсоли ғарибе, ки аз манзил, ёру диёр, дӯстону пайвандон ҷудо гардида, ба хотири Ватан нолиш дорад. Ошиқ аз   нолиши ёри дурафтодаи худ ба риққат омада, худро булбуле тасаввур мекунад, ки бо ғами ёр ҳамсадо гардида, аз баҳри висоли ёри дурафтодаи худ пайваста нолиш дорад. Ин ҷо маъно пӯшида аст ва он дар мағзи образ ҷой гирифтааст. Барои фаҳмидани он дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ, заҳмати ақлонӣ, таҷрибаи зиндагонӣ ва муҳимтар аз ин, дарки рамзҳо зарур аст. Зеро дар рубоиҳо рамзҳо зиёд истифода шудаанд. Ин санъат дар ифодаи маъноҳои амиқ ва ҷилваҳои манзараҳои зиндагӣ ва табиат васеъ хизмат кардааст.

Образҳои рамзӣ дар рубоӣ ва дубайтиҳои як қатор номаҳо, ки ҷиҳати пайдо намудани аҳли оила ва пайвандони фирориён, нигошта шудаанд, кумак мекарданд. Чунончи: «Ман, Марзия Одинаева , маҷбур  шудам  қалам ба  даст  гирифта, бо ашки  резону  дили реш – реш, бо сад ғаму  алам мактуб нависам, — омадааст дар номае. Падару  модари азизамро  бо хешу табор ҷустуҷӯ  дорам. Ман  шунавидам, ки  падарам  Киромиддин  ва  модарам  Қурсия  Одинаевҳо   дар хоки бегонаи Афғонистон-  шаҳри  Қундуз, Майдони  Ҳавоӣ  зиндагӣ  доранд.  Илтимос, ба  воситаи  мактуб  сиҳату  саломатии  худро  маълум  кунанд. Падару  модарҷон, ду сол аст, ки  дар хоки бегона  ғариб  ҳастед. Шуморо  ба  ин зиндагии  ғарибона кӣ  маҷбур мекунад?  Мо дар  Ватан  тинҷ  зиндагӣ  мекунем.  Ин ҷо  тинҷ, гапу хабаре, ки  ба Афғонистон  меравад, ҳамааш  дурӯғ,  тезтар  биёед. Адреси  ман:  вилояти  Хатлон, ноҳияи  Кӯйбишев,  колхози  «Дӯстӣ», участкаи   Яккатут.

Фироқу азоб, дили озурда, зиндаҷудоӣ барин калимаву ибораҳои ғамафзо дар абёти мардумӣ фаровон истифода гардидаанд:

Диле дорам, дили озурда дорам,
Фироқи зинда, доғи мурда дорам.
Ҷудоимурдаро амр аз Худо шуд,
удоизиндаро тоқат надорам».

Дар ин дубайтӣ вожаҳои «ҷудоимурда» ва «ҷудоизинад», ибораҳои «фироқи зинда» ва «доғи мурда» ба вуҷуди инсон ангеза медиҳанд, бахусус, агар аламу ситам дида бошад. «Фироқи зинда», ҳамон зиндаҷудоӣ мебошад, ки муқобили «доғи мурда», яъне ғаму ғуссаи куҳан қарор гирифтааст. Ва ё дар дар рубоии зер модаре аз дурии писараш ҷигаркабоб гардида, лахти ҷигари худро ба «бирешими шаштора» шабеҳ намудааст:

Эй бачаи дуриҳои дур ай назарум,
Бирешими шаштора- лахти ҷигарум.
Ҳар гоҳ рӯи ту биёя дар назарум,
Об ай дидаҳо реза, хун ай ҷигарум.

Ибораи «бирешими шаштора» рамзи ҷигари садпора аст, ки чун ҷигар лахт мегардад, дар рӯи он ҷӯяҳои рахдор падид меоянд, абрешим ҳам аз торҳо тайёр мешавад ва абрешими шаштора аз қавитарин навъҳо шинохта шудааст. Бар замми ин абрешим аз матоъҳои маҳин ба ҳисоб меравад, дили одами раҳмдилро ба абрешим монанд мекунанд ва ибораи «дилаш чун абрешим маҳин буд» дар байни мардуми тоҷик маъмул аст. Яъне, маълум мегардад, ки рамзу маҷоз тору пуди назми ғиноии шифоҳӣ буда, дар рубоиёти мардумӣ зуҳуроти хос доранд…Рамз- сухани сарпеч, пӯшидамаънӣ; имо, ишора. Рамзкушо касе, ки сухани рамзӣ, маънии рамзиро мефаҳмад. Чунин рамзҳо дар аксари рубоиёти фирориён мушоҳида мешаванд.

Хоки Ватан-3Пажӯҳиши мавзӯъ нишон дод, ки дар рубоиву дубайтиҳои солҳои 1993-1995 образҳои рамзие истифода шудаанд, ки ба бадбахтиву ноомади кор, амсоли хазон гардидан, мағор бастан, занг задан, пӯсидан, пажмурда шудан, маргу аҷал ба мисли абри сиёҳ, ҳавои бад, торикӣ, канда шудани ситора, фуру рафтани офтоб, ҷудоӣ, монанди  тирамоҳ, хушкидани дарё, хазонрез, гӯристон, дашти васеъ, дарёи калон, ноумедиву бадбахтӣ,  мисоли дарахти решакан, занг, торикӣ, тирамоҳ, гули зард, хушкӣ ва ғ. далолат доранд. Нақши инсон дар рубоиҳои ин давр заиф, нотавон, ноумед, ғамзада ифода гардидааст. Аммо дар солҳои 1995-1997 ҳолати дигарро ба мушоҳида мегирем. Образҳои рамзии ин давра аз саломатӣ, шукуфтарӯӣ, ба мисли оби зулол, лолазори дурахшон, сабзаи тар, сабзаи тоза, ашёву либосҳои дорои рангҳои сурху арғувонӣ, мулоқот ва дидор ба монанди сари чашма, сари кӯҳ, дашт ё водӣ, соҳили дарё ва ғ. башорат медиҳанд. Инсон дар рубоиву дубайтиҳои даври дуюм нисбатан фаъол, серҳаракат, шуҷоъ, дорои нанг аст. Аз ғурбат ва ноадолатиҳо ранҷ мекашад, ҳатто эътироз мекунад ва  барои соҳиб шудан ба муваффақиятҳо  ба мубориза бармехезад. Чунончи, сокини деҳаи Ленинюлии ноҳияи Шаҳритус Муқаддас Саидзода, ки ба Ватан баргаштааст, хешу таборашро ба Ватан даъват намуда, онҳоро ба  ҳамраъйӣ барои бишкастани қуфли Мазори Шариф, ки манзур тарки он аст, даъват мекунад:

Духтар ба Шаҳритусу оча ба Мазор,
Оча гули садбаргай, духтар гули хор.
Як аҳде  шавад, ки бишканад қулфи Мазор,
Одамони ғамзада бубинан дидор.

Маълум мегардад, ки образҳои рамзӣ рӯҳия, амалу рафтори инсонҳоро вобаста ба давраҳои муайян ба тарзи ба он давр хос таҷассум мекардаанд.

Ҳамин тавр, хулоса баровардан мумкин аст, ки дар рубоиву дубайтиҳо диққатангезтарин санъати тасвир рамз аст ва он навъи образ аст, ки бо ҳамон мундариҷа ва ҳамон мафҳум ва маъно дар асарҳои гуногун истифода гардида, дар он маъно устувор аст. Пажӯҳиш нишон дод, ки дар рубоиву дубайтиҳои фирориён, ки ба унвони барномаи «Хоки Ватан» расидаанд, рамзҳо асосан бо чунин мақсад истифода шудаанд:

  • барои ифодаи мақсаду афкоре, ки дар ҳамон муҳит ибрози он имкон надошт;
  • барои нишон додани зӯри эҳсос ва қудрати ҷараёни афкори инсон;
  • ба хотири таҳрики фикр, равнақи андеша, ҷустуҷӯ ва дарки моҳияти аслии ҳодисаҳо.

Ҳамаҷониба омӯхтани рамзҳо баҳри ифшои моҳияти ғоявӣ ва бадеии рубоиҳо кумаки калон расонида, барои сайқал ёфтани идроку эҳсос мусоидат хоҳанд кард.

 

Саидмуроди ХОҶАЗОД,
доктори илмҳои филология

Март 29, 2017 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

хоби хамдуна«Хоби ҳамдуна»- и Румӣ Шоазимов дар Кинофестивали 23-юми Россия «Адабиёт ва синамо» соҳиби мукофот гардид
тф -1Фарҳанг ҳастии миллат аст. Аз солрӯзи ҳунарманди мумтози тоҷик Туҳфа Фозилова сад сол сипарӣ гардид
????????????????????????????????????Нашри китоби нав ба ифтихори 100-солагии нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова
Камол НасруллоШоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи он, ки муҳити интернет ба ҷавонон чӣ таъсирҳо метавонад дошта бошад
Фехристи номхоБа Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ беҳтарин номҳо ворид шудаанд
Конфронси Тухфа Фозилова (8)Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Туҳфа Фозилова
Парасту 2017Фестивал-озмуни «Парасту-2017» ба 100-солагии Тӯҳфа Фозилова бахшида мешавад
Айни-0ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд
17952024_1953005378254076_5078309082709608086_nДар шаҳри Берлин шоми фарҳанги тоҷик доир гардид
v farhangШамсиддин Орумбекзода: «Дари Тоҷикистон барои муносибатҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо ҳамеша боз аст»
Файзуллло БаротзодаНақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ
Дар Париж бахшида ба 20-солагии Вахдати милли намоишгохи тасвирхо баргузор гардидДар Париж бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ намоиши тасвирҳо баргузор гардид