Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд

Сентябрь 17, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 17.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Москва ҷаласаи XXXII Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа, ки ба 120-солагии таъсиси куҳантарин агентии Русия бахшида шуд, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев, намояндагони корпусҳои дипломатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҳамчунин воситаҳои ахбори оммаи пешрафтаи давлатҳои хориҷаи наздик иштирок намуданд.

«Дар замоне, ки қоидаҳои қаблии ҷомеаи иттилоотӣ ба таври ҷиддӣ таҷдиди назар мешаванд, чунин мулоқотҳо аҳамияти хосса доранд. Онҳо ба таҳияи шаклҳои нави ҳамкории байналмилалии агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои таъмини субот дар фазои Иттиҳод мусоидат менамоянд. Итминон дорам, қарорҳое, ки Шурои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул намудааст, ба таҳкими ҳамкорӣ байни давлатҳои мо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими муштарак дар соҳаи иттилоот мусоидат мекунанд», — иброз намуд Сергей Лебедев.

Иштирокчиёни ҷаласа таҳти раёсати директори генералии ТАСС Андрей Кондрашов доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла истифодаи технологияҳои муосири воситаҳои ахбори омма, дастгирии иттилоотии барномаҳои омӯзиши забони русӣ, рӯзномаи иқлим, рушди ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ дар доираи Иттиҳод ва лоиҳаҳоеро, ки ба таҳкими робитаҳо дар соҳаи фарҳанг, илм, табодули ҷавонон ва сайёҳӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ намуданд.

Ба аъзои Шурои иттилоотӣ консепсияи сомонаи навшудаи Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуд, ки онро мутахассисони ТАСС таҳия кардаанд. Дар сомонае, ки лоиҳаи муштараки агентиҳои иттилоотии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб мешавад, шабакаи умумии хабарӣ таъсис шуда, маълумоти визуалӣ дар бораи ҳаёти давлатҳои хориҷаи наздик нашр мегардад.

Интизор меравад, платформаи наве, ки барои Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотӣ таҳия шудааст, имконотро барои ҳамкории касбӣ байни агентиҳои иттилоотӣ ба таври назаррас васеъ менамояд.

Самтҳои рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби табодули журналистӣ ва баланд бардоштани ихтисоси касбӣ баррасӣ шуданд.

Шурои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1995 таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Русия дохил мешаванд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Сентябрь 17, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад
ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Имрӯз дар мавзеъҳои таърихии мамлакат Рӯзи дарҳои боз гузаронида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид